Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳонгконг бархӯрдҳо аз сар гирифта шуданд


Дар Ҳонгконг субҳи рӯзи якшанбе бархӯрдҳои шадид миёни кормандони полис ва эътирозгарони хостори ислоҳоти демократӣ аз сар гирифта шуд. Ҳомиёни ҳифзи тартибот аз калтак ва гази ашковар истифода мебаранд. Чанд тан аз донишҷӯёни эътирозгар ҷароҳат бардоштанд, ба онҳо кӯмаки аввалияи тиббӣ расонида шуд.

Бархӯрдҳои хиёбонӣ баъд аз он дубора шурӯъ шуданд, ки чанд соат аз ин пеш раҳбари маъмурияти Ҳонгконг Лян Чженйин ба эътирозгарон пешниҳод кард то рӯзи 21 октябр бо ҳам мулоқот кунанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи шанбе эътирозгарон дубора кӯчаҳои Монгкокро бастанд – аз ин пеш мақомот ин мавзеъро аз сангарҳову хаймаҳои эътирозгарон пок карда буданд. Дар изҳороти гурӯҳи Occupy Central гуфта шуд, ки барчидани сангарҳо бо амри ҳукумат боиси эътирозҳои нав ва бадтар шудани муносибати пулис бо шаҳрвандон мегардад.

Мӯҳлати раёсати Лян Чженйин соли 2017 анҷом меёбад ва эътирозгарон талаб доранд, ки ба ҳаққи онҳо барои интихоботи мустақими раҳбари ин минтақаи таҳти назорати Чин арҷ гузошта шавад. Аммо Пекин барои интихоби сарвари Ҳонгконг аз сӯи коллегияи интихобкунандагон, як ниҳоди аз сӯи давлати Чин таъсисшуда, пойфишорӣ дорад.

XS
SM
MD
LG