Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса Алексей Кузнетсовро ба Русия таслим мекунад


Фаронса дархости Додситонии кулли Русияро пазируфт ва дар бораи истирдоди собиқ вазири молияи вилояти Маскав Алексей Кузнетсов тасмим гирифт. Шоми ҷумъа додгоҳи шаҳри Лион қарор кард, ки Кузнетсов ба мақомоти Русия супурда шавад ва аммо ба шарте, ки дар Маскав ӯро ба кори иҷборӣ маҳкум накунанд ва вазири собиқ ҳамеша бо намояндагони ҳукумати Фаронса тамос дошта бошад.

Моҳи сентябр Додситонии Фаронса изҳороти вакилони мудофеи Кузнетсовро, ки гӯё шахси таҳти ҳимояташон дар сурати истирдод дар Русия таҳти таъқиби сиёсӣ қарор мегирад, рад кард.

Алексей Кузнетсов тобистони соли 2013 дар шаҳри Сан-Тропеи Фаронса дастгир шуд. Бар пояи хабарҳо, ҳангоми боздошт ӯ бо худ панҷ шиноснома бо ному насаби гуногун дошт.

Додситонии кулли Русия Алексей Кузнетсовро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ба буҷаи вилояти Маскав чанд миллиард рубл осеб расонидааст. Ба иттилои тафтишот, ин маблағро ӯ барои харидани чанд манзил дар хориҷи кишвар харҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG