Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Э.Раҳмон бо дабири Шӯрои амнияти Русия


Раҳмон ва Патрушев
Раҳмон ва Патрушев

17 октябр дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Николай Патрушев-Дабири Шӯрои амнияти Русия мулоқот ва масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва ҷандҷонибаро дар бахши амният баррасӣ карданд. Дар ин бора торнамои расмии раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷонибҳо ба дурнамои чигунагии вазъ дар Афғонистон, таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо ин кишвар, мубориза бо терроризму тундгароӣва қочоқи маводи мухавддирро баррасӣ карданд.

Қабл аз ин мулоқот 17 октябр Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев-Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе ҳамкориҳои амниятӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, вазъ дар Афғонистон ва амнияти иттилоъотиро баррасӣ карданд.

Игор Швиткин-сухангӯи Патрушев ба матбуот гуфтааст, ки кормандони Шӯроҳои Амнияти ҳар ду кишвар ҷаласаи машваратӣ анҷом додаанд ва дар он масъалаи ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои низомиву фаннӣ ва амнияти иттилоъотӣ баррасӣ шудаанд.

Дар ҷаласаи машваратии ҷонибҳо намояндагони вазорати корҳои хориҷа, вазорати дифоъ ва ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия ширкат доштаанд.

XS
SM
MD
LG