Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Фишори Ғарб болои Русия ба манфиати Украина нест


Талошҳои Ғарб барои фишор болои Русия бино ба бӯҳрони Украина ба эътидоли авзоъ дар ин кишвар мусоидат намекунад ва баръакс муколамаро ба мушкил мувоҷеҳ месозад.

Ин изҳороти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мусоҳиба бо нашрияи сербии “Политика” дар арафаи сафараш ба Белград пахш шуд. Дар ин сӯҳбат, ки рӯзи 16 октябр нашр шуд, Путин ба ИМА тавсия додааст то аз тавтеъа алайҳи Русия даст бардорад. Ҳамзамон сарвари Русия омодагии Маскав барои ҳамкории созанда бо кишварҳои аврупоиро эълом дошт.

Аз нигоҳи Владимир Путин, барои истиқрори сулҳ дар Украина муколамаи миёни нерӯҳои сиёсӣ ва минтақаҳои кишвар ва дар чаҳорчӯби он баррасии сохтори конститутсионии Украина зарур аст.

XS
SM
MD
LG