Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Баҳси қонуни “Милитсия” ва масъалаи митинг дар парлумон

Баҳси қонуни “Милитсия” ва масъалаи митинг дар парлумон

Субҳи 13 октябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъалаи ислоҳи қонун “Дар бораи милитсия” баррасӣ гардидааст. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин бора Саттор Холов суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани бетартибиҳои оммавие, ки иштирокчиёни гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо метавонанд содир намоянд, таҳия шудааст.”

Ба қавли Султонов, вакили парлумон Саттор Холов гуфтааст, тарҳи тағйиру иловаҳо дар сурати қабул шуданаш имкон медиҳад, амнияти шаҳрвандон дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ таъмин гардад. Сухангӯи раиси Маҷлиси Намояндагон афзуд, тарҳи мазкур дар ҷаласаи навбатии парлумон, ки эҳтимол рӯзи чоршанбе баргузор гардад, мавриди муҳокиами ҳамаи вакилон қарор хоҳад гирифт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сироятшиноси амрикоӣ: кишвар дар марҳилаи бисёр душвор қарор дорад

Энтони Фаучи, сироятшиноси аршади ИМА

Сироятшиноси аршади ИМА гуфт, ин кишвар дар як марҳилаи бисёр душвор ва чолишбарангези мубориза бо коронавирус қарор дорад ва дар 24 соати гузашта шумори рекордии нави олудашавиву марг бар асари вируси нав, яъне 1000 нафар - ба қайд гирифта шуд. Энтони Фаучи, раиси Пажӯҳишгоҳи миллии бемориҳои сироятии ИМА гуфт, ки афзоиши ҳодисаҳои олудагиву марг баъди он мушоҳида мешавад, ки биёр тиҷоратҳо боз ва муқаррароти хонашинӣ сабуктар шуд. Беморхонаҳо пур аз муштарӣ буда бисёр иёлот дубора ба маҳдуд кардани тадбирҳо рӯ оварданд.

Фаучӣ аз аёлатҳои шадидан осебдида хост, ки аз боз кардани тиҷоратҳо худдорӣ кунанд. Дар 24 соати гузашта дар саросари ИМА беш аз 65 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба вирус ба қайд гирифта шуд.

Чин гуфт, ба таҳримҳои ИМА посухи мутақобила хоҳад дод

Чен Тсуанго - раиси ҳизби коммунисти вилояти Шинҷонро меъмори низоми фишору азияти аққалиятҳои милливу динӣ меноманд

Чин гуфт, барои таҳрим шудани мақомоти чинӣ аз ҷониби Вашингтон бар асоси парвандаи озори “даҳшатнок ва доимии” ҳуқуқи уйғурҳову дигар гурӯҳҳои мусалмонон дар вилояти ғарбии Шинҷон, тадбирҳои мутақобила роҳандозӣ мекунад. Вазорати хориҷаи Чин рӯзи 10 июл гуфт, ки “иқдомҳои ИМА мудохилаи ҷиддӣ ба умури дохилии Чин аст ва меъёрҳои бунёдии равобити байналмилалиро ҷиддан нақз мекунад ва равобити Чину ИМА-ро ҷиддан осеб мерасонад”. Вазорат нагуфт, ки тадбирҳои мутақобила аз чӣ иборат мешавад. Таҳримҳои ИМА дар шароите ҷорӣ мешавад, ки равобити Пекину Вашингтон бо сабаби тарзи бархӯрди Чин ба коронавирус ва ҳам вазъ дар Ҳонгконг пуршиддат шудааст. Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки се мақоми чинӣ аз ҳақи гирифтани визаи ИМА маҳрум мешаванд ва дороиҳои онҳо дар ИМА масдуд мешавад. Дар миёни ин се мақом чунин афрод ном бурда шудаанд: Чен Тсуанго, раиси ҳизби коммунисти вилояти Шинҷон ва шахсе, ки меъмори низоми фишору азияти аққалиятҳои милливу динӣ дониста мешавад; Жу Ҳайлун, собиқ раиси кумитаи сиёсиву ҳуқуқии Шинҷон ва Ванг Мингшан, раиси амнияти минтақавӣ. Дар миёни таҳримшудаҳо инчунин собиқ мақоми амниятии вилояти Шинҷон номбар шудааст.

Фургал гуфт, аз рӯи иттиҳоми куштор худро бегуноҳ меҳисобад

Сергей Фургал баъди боздошт

Сергей Фургал, раиси боздоштшудаи вилояти Хабаровски Русия гуфтааст, аз рӯи иттиҳоми талоши куштор ва амри куштори чанд соҳибкор худро бегуноҳ меҳисобад. Алексей Мелников, як раҳбари Комиссиюни ҷамъиятии назорати ҳуқуқи башари Русия рӯзи 10 июл ба РБК гуфт, дар боздоштгоҳ бо Фургал дидор кард ва ӯву дигар боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки аз рӯи ин парванда худро гунаҳгор намеҳисобанд ва мегӯянд, ки ҳеҷ касе онҳоро барои эътирофи гуноҳ маҷбур намекунад. Фургал узви ҳизби ЛДПР-и Владимир Жириновский дар интихоботи ду соли пеш бар номзади ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ғолиб омад ва давоми ду соли охир раҳбари вилояти Хабаровски воқеъ дар Шарқи Дур буд. Дар ҳамин ҳол дар Хабаровск ду нафари дигар – вакилони маҷлиси вилоятӣ аз ҳизби ЛДПР боздошт шуданд. Сергей Зюбр, раҳбари фирқаи ҳизбӣ гуфт, ки баъди боздошти Сергей Кузнетсов ва Дмитрий Козлов хонаву гараж ва мошинҳои онҳо кофтуков шуд. Як манбаъ ба ТАСС гуфтааст, ки боздошти ду депутат ба парвандаи Фергал чандон рабти мустақим надорад. Ин ду депутат муассисаи саноатии Амурсталро ба ихтиёр доштанд ва ба навиштаи “Коммерсантъ”, дар тақаллуб гумонбар мешаванд. Жириновский боздошти Фургалро “эҳтимолан дорои ангезаҳои сиёсӣ” номидааст. Матбуот мегӯяд, ки боздошти Фургал дар доираи як парванда дар нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буда, ба ҳодисаҳои солҳои 2004 ва 2005 рабт дорад.

HRW ба мақомоти тоҷик: Асрориддин Розиқов озод шавад

Асрориддин Розиқов рӯзи 26 июн бо сабабҳои номаълум боздошт шуд ва то ҳанӯз далели ин боздошт маълум нест.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, ки “Асрориддин Розиқов билофосила аз боздошт озод шавад” ва дар заминаи боздошти “худсарона таҳқиқот анҷом шуда, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Изҳороти созмони байналмилалӣ рӯзи 10 июл дар вебсайти он нашр шуд. Асрориддин Розиқови 38-сола писари узви собиқи раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Зубайдуллоҳи Розиқ аст, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба иддаои наздикон, Асрориддин Розиқов то замони боздошти мармузаш дар бозори "Корвон" ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул буд ва рӯзи 26-уми июн дар роҳ ба сӯи бозор аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) боздошт шудааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти Розиқов то ҳол ин ниҳод дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ шарҳе надодааст. Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иттилои онҳо бародараш дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯ дар чӣ гумонбар мешавад.

Human Rights Watch дар изҳороти худ мегӯяд, боздошти Розиқов аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон “худсарона” буда, “мақомот ҳеҷ далеле барои боздошти ӯ пеш нагузоштанд” ва ҳам “хешовандонаш аз вазъи сиҳҳативу ҳоли ӯ бехабаранд”. Ҳю Виллиамсон, раиси барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Human Rights Watch мегӯяд, “боздошти худсаронаи Асрориддин Розиқов бахше аз талошҳои афзояндаи мақомоти тоҷик барои эҷоди тарс дар миёни мунаққидони ҳукумат ва дигарандешони сулҳомез” мебошад.

Ӯ мегӯяд, ки аз миёнаҳои соли 2015 мақомои тоҷик беш аз 150 нафарро бар асоси ангезаҳои сиёсӣ боздошт кардаанд ва дар миёни онҳо ҳуқуқшиносон, мунаққидон ва аъзои созмонҳои сиёсӣ мебошанд. Мақомот дар Тоҷикистон боздоштҳо бар асоси ангезаҳои сиёсиро рад карда гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд.

Сарбози тоҷикро барои талоши фирор аз хидмат ду сол зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз адои хизмати ҳатмӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вокуниши Иброҳимов ва наздикони ӯ маълум нест. Вале дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, шароити сангин ва "дедовшина" боис мешавад, ки ҷавонон аз артиш фирор кунанд.

Мақомот мегӯянд, Отабек Иброҳимов 12-уми ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Ӯ дар қисми ҳарбии Агентии таъминоти амволи махсус хизмат мекард, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов дар охири моҳи декабри соли 2019 бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кард, ки дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хизмати сарбозӣ раҳо гардад. Додрас гуфтааст, ки ин Иброҳимов "ба шароити сарбозӣ тоб наовардааст".

Вокуниши наздикони сарбози маҳкумшуда ва худи дастрас нест. Маълум нест, ки Отабек Иброҳимов чаро 17 дона санги майдаро фурӯ бурдааст.

Ин ягона ҳодисаи фирорӣ сарбозон аз сафи артиш нест. Додгоҳи ҳарбӣ-гарнизонии шаҳри Душанбе моҳи май як сарбози дигарро барои саркашӣ аз хизмат ба ду соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо наздикони ин сарбоз аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бархе ҷавонон дар Тоҷикистон хоҳиши хизмати сарбозиро надоранд ва бо роҳҳои мухталиф аз даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ фирор мекунанд.

Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмати сарбозӣ ҳолатҳои латту кӯб ва марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ аст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, аз соли 2014 то 2016 60 ҳолати муроҷиати пайвандони сарбозон сабт шудааст. Дар 11 ҳолат муроҷиати пайвандон ба марги сарбозон рабт доштааст.

Помпео дар посух ба як мақоми СММ аз куштори Сулаймонӣ ҳимоят кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА аз тасмими куштори фармондеҳи калони низомии эронӣ Қосими Сулаймонӣ дар Ироқ дар моҳи январи имсол бо истифода аз дронро ҳимоят кард, дар ҳоле, ки як мутахассиси СММ ин амалро “ғайриқонунӣ” номидааст.


Помпео дар изҳороти рӯзи 9 июлаш хулосаҳои Агнес Каламард, гузоришгари вижаи СММ оид ба қатлҳои ғайридодгоҳӣ ва худсаронаро “ғайривоқеӣ” номид. Ӯ гуфт, ки амалҳои ИМА дар робита бо ҳамла бар асоси меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқӣ “шаффоф” буд ва ба номаи ирсолшуда ба номи Шӯрои амнияти СММ ишора кард, ки дар он дар бораи “ҳақи ИМА ба дифоъ аз худ” таъкид мешавад.

Каламард хулосаҳои худро ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева таслим кард ва дар он гуфта мешавад, ки ҳамла ба Сулаймонӣ бо дрон рӯзи 3 январ дар наздикиҳои фурудгоҳи Бағдод “куштори худсарона” буд ва бар асоси қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ИМА дар ин кор масъулият дорад.

Ӯ гуфт, ки ИМА ҳеҷ далели хосе дар заминаи ин ки Сулаймонӣ нақшаи ҳамлаи билофосила ба Амрикоро дошт, пешкаш накард. Вале Помпео гуфт, ки куштори Сулаймонӣ дар ҷавоб ба “як силсила ҳамлаҳо буд, ки моҳҳо аз он пеш” дар Ироқ анҷом гирифт. ИМА мегӯяд, Сулаймонӣ барои ташкили ҳамлаҳо ба нирӯҳои ИМА дар давоми солҳои зиёд масъулият дошт ва ҳам дар андешаи он буд, ки алайҳи Амрикову муттафиқонаш дар минтақа ҳамлаҳои бештар анҷом диҳад.

Эстакадаи дуюм дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд

Эстакада ё роҳи сетабақаи назди беморхонаи маъруф ба Қарияи Боло баъд аз таъхири чандмоҳа ифтитоҳ шуд. Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе роҳи сетабақаро ба истифода дод.

Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат мекунад.

Мақомот мегӯянд, ин роҳи сетабақа бо маблағи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта шудааст. БАТР барои ин кор ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ қарз ва кумаки фаннӣ кардааст.

Роҳи сетабақаи назди беморхонаи Қарияи Боло аз рӯи нақша бояд дар ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешуд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар Чин ва кишварҳои минтақа, иҷрои тарҳи бозсозии онро ба таъхир андохт.

Ин дуввумин эстакада дар шаҳри Душанбе мебошад. Эстакадаи нахустин дар буриши хиёбони ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода карор дода шуд. Вале ҳаракати нақлиёт тавассути ин эстакадаи сетабақа танҳо дар як самт имкон дорад. Дар зарфи се соли ахир, ки сохтмони ин ду эстакада идома дорад, даҳҳо ҳазор сокинони чанд маҳаллаи пойтахти Тоҷикистон дар бунбасти иртиботӣ қарор доштанд.

Вилояти Таласси Қирғизистон барои ду ҳафта баста шуд

Яке аз шоҳроҳҳои вилояти Талас.

Мақомоти вилояти Талласи Қирғизистон вуруди шаҳрвандонеро ба вилоят манъ карданд, ки қайди ҷойи зист надоранд. Марат Муродалиев, раиси вилояти Таласс гуфт, мақомот дар вурудгоҳи вилоят шиносномаҳои воридшавандагонро тафтиш мекунанд.

Муродалиев бастани вилоятро ба тавсияи табибон рабт дод, ки гуфтаанд, барои мубориза бо паҳншавии коронавирус бояд равуои сокинон маҳдуд шавад.

Дар вилояти Таласси Қирғизистон ҳамзамон бозорҳои чорво ва майдонҳои варзиш баста мешаванд. Раиси вилояти Таласс вазъи беҳдоштиро дар ин минтақа муътадил арзёбӣ кард.

Ахиран дар вилояти Бодканди Қирғизистон низ маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар ин вилоят сар аз 10 июл гардиши нақлиёти ҷамъиятӣ ва кирокашҳое манъ шуд, ки байни вилоят бо шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва дигар минтақаҳо равуо доранд.

Рафту омади бе зарурати сокинон ба ноҳияҳои дигари Қирғизистон манъ шудааст. Шаҳрвандоне, ки ба табобат эҳтиёҷ доранд, танҳо дар асоси роҳхати пизишкон метавонанд, минтақаро тарк кунанд. Ба вилояти Бодканд танҳо мошинҳои боркаш иҷозаи убур доранд.

Вазъи беҳдоштии Қирғизистон ба якборагӣ бад шуд. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 361 ҳолати мубталоӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 8847 расид.

Узбекистон ба ду ҳазор муҳоҷири дар марз дармонда иҷозаи убур дод

Марзи Қазоқистон ва Узбекистон.

Наздики ду ҳазор муҳоҷири дар марзи Қазоқистон дармондаи Узбекистон шаби 9 июл иҷозаи убур дарёфт карданд. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон ба расонаҳо хабар доданд.

Ба гуфтаи мақомот, дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон наздики 3 ҳазор муҳоҷир аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шуда буд. Ин муҳоҷирон ба далели паҳншавии вируси корона ва баста будани марзҳо натавонистанд, бидуни монеа ба манзилҳои худ расанд.

Узбекистон, ки аз охири моҳи март марзҳояшро баста аст, ба далели надоштани ҷой барои ба карантин гирифтани афроди аз хориҷ баргашта, ба муҳоҷирон иҷозаи убури марзро намедиҳад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, шоми 8 июл дар марзи ин кишвар бо Узбекистон наздики 3 ҳазору 400 муҳоҷир ҷамъ шуда буд. Шаби 9 июл наздики 2 ҳазор муҳоҷир аз марз гузашта, вориди Узбекистон шуданд. Ба ҷуз ин, 500 муҳоҷири дигар иҷозаи убур дарёфт кардаанд. Сафорати Узбекистон дар Қазоқистон ваъда кардааст, ки ба ҳамаи дармондагон иҷозаи убур хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар додааст, ки наздики 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон боқӣ мондааст.

Узбекистон теъдоди парвозҳои чартериро кам кард

Яке аз фурудгоҳҳои Узбекистон.

Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар дод, ки теъдоди парвозҳои чартерӣ барои баргардонии шаҳрвандони ин кишвар аз хориҷ кам шудааст. Ин вазорат хабари комилан қатъ шудани парвозҳои мазкурро рад кард.

Бино бар нақшаи нав, аз 10 то 19 июл парвозҳои зер сурат хоҳанд гирифт:

10 июл Сеул — Тошканд — Сеул (Korean airlines)

12 июл Санкт-Петербург — Тошканд — Санкт-Петербург (Rossia)

13 июл Сеул — Тошканд — Сеул (Asiana airlines)

13 июл Тошканд — Москва — Тошканд (Uzbekistan Airways)

15 июл Москва — Тошканд — Москва (Ural airlines)

16 июл Истамбул — Тошканд — Истамбул (Turkish airlines)

16-17 июл Тошканд — Ню-Йорк — Тошканд (Uzbekistan Airways)

19 июл Тошканд — Владивосток — Тошканд (Uzbekistan Airways)

Вазорати нақлиёти Узбекистон ҳамзамон хабар дод, ки бо беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ шумори парвозҳои чартерӣ дубора афзоиш хоҳанд ёфт.

Омори нави гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар Тоҷикистон

Дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус афзоиш ёфтааст.

Вазорати тандурустӣ аз сироят ёфтани 46 нафари дигар ба бемории COVID-19 хабар дод. Ин ниҳод гуфт, то рӯзи 9-уми июл дар Тоҷикистон 6410 нафар ба коронавируси нав сироят ёфта, 79 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Ба иттилои мақомот, коронавируси нав то ин дам дар кишвар 54 қурбонӣ доштааст.

Вале бархеҳо ба рақамҳои расмӣ шубҳа доранд ва омори ғайрирасмиро аз ин бештар медонанд. Вазорати тандурустӣ ба ҷуз аз пахши рақамҳои умумӣ дар бораи гирифторон маълумоти бештар намедиҳад.

Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ҳафтаи чаҳорум аст аз кам шудани беморӣ ва холӣ шудани шифохонаҳо мегӯянд, Узбекистону Қазоқистон дубора аз афзоиши гирифторон ва сахттар шудани чораҳо хабар доданд.

Зимнан дар миёни муҳоҷироне, ки охири ҳафтаи гузашта аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шуданд, 70 нафарашон ба коронавирус сироят ёфтаанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Азия-Плюс" 3 нафари бозгашта аз Олмон низ бо нишонаҳои беморӣ бистарӣ ҳастанд.

Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.

Марги дипломати турк дар Туркманистон бар асари пневмония

Мақомот дар Туркманистон, ки як кишвари баставу ноозод ба шумор меравад, мегӯянд, ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудаат

Як мақом дар сафорати Туркия дар пойтахти Туркманистон, шаҳри Ашқобод аз пневмония даргузашт. Туркманистон танҳо кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол расман ҳеҷ як ҳодисаи олудагӣ ба коронавирусро ба қайд нагирифтааст.
Вебсайтҳои Turkmen.news ва TRT Avaz media бо такя ба мақомоти номаълум дар сафорати Туркия хабар доданд, ки мушовири масоили динӣ Кемал Учкун шаби 7 ба 8 июл дар як беморхонаи Ашқобод даргузашт. Бар асоси гузоршҳо, Учкун аз январи оли 2018 дар сафорат кор мекард ва рӯзи 27 июн бо дарди шадиди шуш ва сулфаи сангин дар беморхона бистарӣ шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар бахши туркманӣ мегӯянд, ки беморхонаҳои Туркманистон пур аз бемор ҳастанд ва аксари онҳо нишонаҳои пневмония доранд. Дар миёни беморон ва инчунин ходимони тиб ҳам ҳодисаҳои марг бар асари пневмония вуҷуд дорад. Дар бархе нуқоти кишвар минтақаҳои ба ном карантин ҷорӣ ва бархе муассисаҳои саноатӣ баста шудаанд.

Бо ин вуҷуд то ҳол мақомоти Туркманистон мегӯянд, ки дар ин кишвар ҳеҷ як ҳодисаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Оғози ҳафтаи ҷорӣ ҳайати деринтизори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тавонист вориди кишвар шавад, то бо вазъи кишвар ошно шуда дар ҳамкорӣ бо мақомоти Туркманистон барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳамкорӣ барпо кунад.

Вазири тандурустии Қирғизистон ва муовинаш гирифтори илтиҳоби шуш шуданд

Собирҷон Абдикаримов, вазири тандурустии Қирғизистон гирифтори илтиҳоби шуш шудааст. Аломатҳои шабеҳ ба вабои коронавирус дар ҷисми муовини вазир Нурболот Усенбоев мушоҳида мешавад, хабар медиҳанд расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар вазорати тандурустии Қирғизистон.

Собирҷон Абдикаримов ва Нурболот Усенбоев айни ҳол коргоҳ намеоянд.

То ин замон чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон мубталои коронавирус шуданд. Раиси пешини порлумони Қирғизистон Чинибой Турсунбеков аз илтиҳоби шуш фавтид. Рӯзи 29-уми июн президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар бемористони боздоштгоҳ бо илтиҳоби шуш бистарӣ шуд.

Дар як рӯзи охир дар Қирғизистон 13 ҳолати фавт аз коронавирус ва 44 ҳолати марг аз илтиҳоби шуш сабт шудааст. Шумори умумии гирифторони COVID-19 дар Қирғизистон ба 8486 расидааст. Сар аз 8-уми июл дар Қирғизистон тасмим гирифтанд, ки омори маргу мир аз илтиҳоб ва коронавирусро якҷоя кунанд.

Нигаронии ИА аз маҳдуд шудани озодии баён дар Беларус

Жозеп Боррелл, намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки аз маҳдудиятҳои озодии баён ва озодии ҷамъомад дар Беларус дар остонаи интихоботи президентии ин кишвар нигарон мебошад. Намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррелл зимни суханрониаш дар парлумони Аврупо дар Брюссел рӯзи 9 июл гуфт, ки интизор аст базудӣ Беларус намояндагони Аврупоро барои назорат аз интихобот даъат хоҳад кард. Боррелл гуфт:

“Ман итминон медиҳам, ки мо ба Беларус дар остонаи интихоботи президентии 9 августи ин кишвар аз наздик таваҷҷӯҳ мекунем. Мо аз маҳдуд шудани озодиҳои ташкили ҷамъомад ва баён, аз ҷумла гузоришҳо дар бораи боздошти эътирозгарони сулҳомез, блогнависҳо ва журналистон изҳори нигаронӣ мекунем. Озору таъқиби номзадҳои мухолифон бояд хотима дода шавад. Озодиҳои бунёдӣ бояд риоя шаванд ва ҳар номзад ва раъйдиҳанда бояд тавонанд дар тасмимгирӣ аз ҳақи маданиву сиёсии худ истифода баранд”.

Мақомдори аврупоӣ инчунин ба озод кардани ҳама афроди ба таври худсарона боздоштшуда даъват кард. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ сохторҳои ҳифзи қонуни Беларус даҳҳо ширкатдори намоишҳои эътрозиву мунаққидони президент Александр Лукашенко ва фаъолони ҷамъоварандаи имзо барои номзадҳои мухолифинро боздошт карданд. Яке аз рақибони калидии интихоботии Лукашенко – собиқ раҳбари бонк Виктор Бабарика бо иттиҳоми гӯё муомилаҳои ғайрқонунии молӣ боздошт шудааст. Фазои сиёсиву саркӯбҳо ва таъқиби номзадҳои интихоботӣ дар Беларусро чандин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон интиқод кардаанд.

Amazon барои нақзи таҳримҳои ИМА муҷозот шуд

Дафтари намояндагии Amazon дар Стейтн Айланди шаҳри Ню-Йорк

Вазорати молияи ИМА ширкати Amazon-ро барои нақзи таҳримҳои марбут ба Қрими ғасбшуда аз ҷониби Русия, Эрон ва Сурия муҷозот кард. Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки ширкати маъруфи тиҷоратҳои интернетӣ барои нақзи таҳримҳои аз ҷониби Раёсати назорати маблағҳои хориҷӣ (OFAC) муқарраршуда дар ҳаҷми 134,5 ҳазор доллар ҷаримабандӣ мешавад. Манзур ин аст, ки ширкати Amazon ба афроди таҳти таҳрим ваё нафароне, ки дар Қриму Сурияву Эрон буданд, хадамоти тиҷоратӣ фароҳам кардааст. Дар изҳороти вазорати молияи ИМА гуфта мешавад, ки дар миёни солҳои 2011 ва 2018 корбарони интернет аз дохили Қрим, Сурия ва Эрон истода фармоишу корҳои тиҷоратиро тавассути сайтҳои Amazon анҷом медоданд. OFAC гуфтааст, ки ширкати Amazon суроғаву шахсияти фармоишгаронро дуруст намесанҷид. Дар робита бо Эрон хатои Amazon ин буд, ки ширкат бору молро на ба дохили Эрон, балки ба намояндагиҳои дипломатии он дар кишварҳои дигар ирсол мекард. Amazon иштибоҳашро эътироф кард ва ба пардохти ҷарима розӣ шуд.

Бар асоси таҳримҳои соли 2014, ИМА шахсият ва ширкатҳои ҳамкор бо Қрими таҳти назари Русияро муҷозот мекунад. Илова ба ин, воридот, содироти дубора ё реэкспорт, фурӯшу таъминоти нимҷазира бо молу хадамот ва фанновариҳо маҳдуд аст. Русия Қримро соли 2014 ғасб кард. Киеву кишварҳои ғарбӣ инро нақзи муқаррароти байналмилалӣ номида Русияро таҳрим карданд ва аз он замон чандин бор ин таҳримҳо тамдид шуд. Маскав мегӯяд, ки “ҳамроҳкунии” Қрим “адолати таърихиро барқарор мекунад”.

Заминларзаи 4-дараҷаӣ Суғд ва Душанберо такон дод

Пеш аз зуҳри имрӯз 9-уми июл заминларзае вилояти Суғд ва шаҳри Душанберо такон дод. Маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ларзиши замин соати 11:39 ба қайд гирифта шуда, марказаш дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, нирӯи заминларза дар маркази он 4 ва дар шаҳри Душанбе 2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил дод.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст. Аз ҷумла рӯзи 4-уми июл наздики 60 хонаи сокинони чор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларза осеб дид.

Қодиров дар марги блогнависҳои чечен "хадамоти махсуси хориҷӣ"-ро гунаҳгор кард

26 май, Грозний. Рамазон Қодиров дар ҷаласаи изтирории марбут ба пандемияи коронавирус дар Чеченистон

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар куштори блогнависҳои чечени муқими Аврупо Мамихан Умаров ва Имрон Алиев сохторҳои махсуси хориҷиро гунаҳкор кард. Умаров рӯзи 4 июл дар канораҳои Вена кушта шуд ва ҷасади Алиев моҳи феврал дар шаҳри Лилли Фаронса пайдо шуд. Ин ду нафар ҳукумати Чеченистон ва шахсан Рамазон Қодировро интиқод мекарданд. Қодиров дар саҳифаи худ дар Телеграм навишт: “Ҳам Анзор аз Вена ҳам Мансури Пир (тахаллуси Умаров ва Алиев), ки аз ҳисоби идеяи дурӯғини ватандӯстӣ пул кор мекарданд, қурбони хадамоти махсусе мешаванд, ки зидди Русия ва аз ҷумла ман кор мекарданд”. Қодиров навишт, “медонистам, ки зиндагии ин лӯхтакҳо ҳамингуна тамом мешавад. Ҳамин ки ҳомиёни ҳуқуқ барои касе “ғам мехӯранд”, тори умрашон канда мешаванд”.

Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2019 раҳбари Чеченистон дар ҷаласа бо раҳбарияти ҷумҳурӣ барои таҳқир дар интернет ба нобуд кардани корбарон даъват карда буд. Вале на Кремлин ва на вазорати дохилаи Русия дар гуфтаҳои Қодиров кадом қонуншиканиро ошкор накарданд.

Марги Умаров дар ҳафтаи гузашта ва боздошти ду марди чечентабори шаҳрванди Русия бо гумони анҷоми ин куштор фарзияҳои эҳтимолан фармоишӣ будани ин кушторро ба хотири интиқодҳояш аз Рамазон Қодиров ба миён овард. Дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ Қодировро барои пайгарду куштори мунаққидонаш дар дохилу хориҷи Русия гунаҳгор кардаанд.

Oxfam ба тадбирҳои босуръати зидди гуруснагӣ даъват кард

Oxfam созмони байналмилалии зидди гуруснагӣ мебошад

Oxfam – як созмони байналмилалии зидди гуруснагӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба таври сареъ барои хотима додан ба бӯҳрони гуруснагӣ иқдом кунанд, вагарна паёмадҳои пандемияи коронавирус сабаб мешавад, ки ҳамарӯза шумори марги инсонҳо ба 12 ҳазор нафар бирасад. Дар гузориши Oxfam аз рӯзи 9 июл омадааст, ки соли ҷорӣ 121 ҳазор нафар ба шумори афроди ниёзманд шомил мешаванд, чун пандемия мушкилоти сартосарии мисли бекорӣ, беназмӣ дар тақсими ғизову захираҳо ва коҳиши ёриҳоро эҷод хоҳад кард. Гузориш мегӯяд, ки COVID-19 “ба оташи бе ин ҳам фурӯзони бӯҳрони гуруснагӣ равған мерезад”. Чема Вера, яке аз мудирони Oxfam гуфт, ки COVID-19 “зарбаи охир ба миллионҳо мардуме шуд, ки бе ин ҳам аз паёмадҳои низоъҳо, тағйироти иқлим ваё низоми харобшудаи ғизо азият мешуданд”. Дар ҳамин ҳол Вера гуфт, ки “ҳашт ширкати азимтарини ғизову нӯшоба аз январ ба ин сӯ беш аз 18 миллиард долларро ба саҳҳомдоронашон пардохт кардаанд... ки ин даҳ баробар бештар аз арзёбиҳои СММ барои хатми гуруснагӣ мебошад”. Гузориши мазкур 10 кишвари дучори гуруснагиро ҳамчун “нуқтаи доғ” таъкид кардааст, ки дар миёни онҳо Яман, Афғонистон, Венесуэла, Эфиопия ва Сурия шомил шудаанд.

Пекин ИМА-ро ба пешбурди сиёсати "корсоз" бо Чин даъват кард

Ван И, вазири хориҷаи Чин. Акс аз соли 2019

Ван И, вазири умури хориҷии Чин рӯзи 9 июл гуфт, ки равобити ИМА ва Чин аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвар 40 соли пеш бо чолишҳои хеле ҷиддӣ рӯбарӯ шудааст. Вазири чинӣ сиёсати Вашингтон нисбати Чинро бунёдшуда бар тарси қадимӣ аз коммунизм тасвир кард. Ван И афзуд, сиёсати ИМА дар нисбати Чин бар пояи “арзёбиҳои иштибоҳии стратегиву норасоии далелҳо бунёд шуда, пур аз туғёнҳои эҳсосотӣ ва пешдовариҳои маккартистӣ” мебошад. Ишораи вазир ба муборизаҳои зиддикоммунистии сенатори амрикоӣ Ҷозеф Маккартӣ дар солҳои 1950-ум буд, ки бидуни далел мардумро дар фаъолиятҳои коммунистӣ муттаҳам мекард. Изҳориназарҳои Ван И дар вебсайти вазорати хориҷаи Чин нашр шуда инчунин мегӯяд, ки Чину ИМА бояд ба таври муштарак роҳҳои ҳамзистии сулҳомезро пайдо бикунанд ва умедвор аст, ки ИМА як сиёсати бештар оқилонаву корсозро дар нисбати Чин пеша хоҳад кард. Зоҳиран ин изҳороти вазири хориҷаи Чин ба гуфтаҳои ахири раиси FBI (Бюрои федеролии тафтишот) Кристофер Рей рабт дорад, ки рӯзи 7 июл гуфт, Чин барои амнияти ИМА “таҳдиди дарозмуддат ва ҷиддитарин” мебошад. Ван гуфт, ки Чин ҳеҷ гоҳ дар фикри ба чолиш кашидани ИМА, ихтилоф ваё гирифтани ҷои он нест.

Шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 12 миллион нафар бештар шуд

27 июн, Мексика. Хешовандон зани аз коронавирус даргузаштаро ба хок месупоранд

Шумори гирифторони COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз 12 миллион нафар гузашт ва чоряки ин ҳодисаҳо дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд. Олудашавӣ ба коронавирус аз Флорида то Техас ва аз Аризона то Калифорния дар ҳоли афзоиш аст. Аз замони ошкор шудани вирус дар Чин моҳи декабри порсол, бештар аз ҳама сокинони ИМА аз вирус осеб дида, шумори гирифторшудаҳо аз 3 миллион нафар гузашт ва марги инсонҳо 132,256 нафарро ташкил дод. Аз назари талафоти инсонҳо ҳам ИМА чоряки омори ҷаҳонро ташкил медиҳад, ки 548 ҳазор нафар мебошад. Берун аз ИМА кишвари Бразилия бо 1,7 миллион ҳолати тасдиқшудаи гирифторӣ ба вирус дар ҷои дуюм ва баъди он Ҳинд бо 742 ҳазор ҳолат қарор доранд. Дар Мексикаву Австралия ҳам шумори олудашудаҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Дар Узбекистон барои гирифторони коронавирус дар беморхонаҳо ҷой намондааст

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, беморхонаҳои ин кишвар аз гирифторони коронавирус пур шудааст. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ мақомоти он кишвар гуфта буданд, ки 16 ҳазор катро барои гирифторони вируси корона таҳия кардаанд ва ҳамзамон ваъда дода буданд, ки як беморхонаи дорои 10 ҳазор кат барои ин беморон месозанд.

Дар Узбекистон чанд гоҳи охир ҳамарӯза 300-350 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт мешавад. Ҳабибуллоҳ Оқилов, намояндаи ситоди муқобила бо COVID-19-и Узбекистон гуфт, дар сурати рӯзона то 1000 ҳолати гирифторӣ сабт шудан, низоми тандурустии кишвар "комилан фурӯ мерезад".

Ба гуфтаи Оқилов, сарфи назар аз он ки дастур шуд, қисме аз беморон дар хона табобат гиранд, дар беморхонаҳо дигар ҷойе барои мубталоёни коронавирус боқӣ намондааст.

Оқилов дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба далели афзоиши шумори ташхисҳо озмоишгоҳҳо дар ташхиси тест ё санҷишҳо таъхир мекунанд.

Бино бар ин, мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки карантини сахтро дубора ҷорӣ кунанд. Дар Узбекистон аз 10 июл то 1-уми август тадбирҳои сахти карантин барқарор мешаванд.

Ба иттилои расмӣ, дар Узбекистон бештар аз 11 ҳазор гирифторӣ ба вируси корона ва 45 ҳолати марг аз он сабт шудааст.

Баъди ду шаби беназмиҳо дар Сербия аъзои тими изтирории коронавирус ташкили ҷаласа мекунанд

8 июл. Дар назди бинои парлумон, Белград. Сербия

Қарор аст 9 июл тими изтирории муқобила бо коронавируси Сербия баъди шаби дуюми задухӯрдҳо дар Белград дар заминаи вокуниши ҳукумат ба пандемия, ташкили ҷаласа кунад. Шаби 8 июл полис барои пароканда кардани мардум аз гази ашковар истифода кард. Эътирозҳо баъди он шурӯъ шуд, ки рӯзи 7 июл президент Александр Вучич гуфт, бо сабаби болоравии ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус дар кишвар дубора карантин ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ мешавад. Вучич рӯзи 8 июл гуфт, ки ӯву мақомот дар фикри ин ҳастанд, ки қуюди шабгардии рӯзҳои истироҳатро бекор кунанд, вале охирин қарор рӯзи 9 июл эълон мешавад. Изҳороти Вучич баъди он садо дод, ки дар Белград ва Нови Сад эътирозгарон ба биноҳои мисли идораи радиову толори консертии маҳаллӣ сангандозӣ карданд. Нахуствазир Ана Брнабич эътирозҳоро “пурхушунаттарин” номид ва гуфт, ки намегузорад дар Сербия харҷу марҷ шавад. Ӯ гуфт, ки тими изтирорӣ масъалаи “мубориза бо вирус ва ҳифзи ҷои кору саломатии мардум”-ро баррасӣ мекунад.

Дар Русия раиси вилояти Хабаровск бо гумони куштор боздошт шуд

Сергей Фургал. Акс аз соли 2018

Субҳи 9 июл намояндагони Кумитаи тафтишоти Русия дар ҳамроҳӣ бо ходимони мусаллаҳи ФСБ (Хадамоти амнияти федеролӣ) раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар фурсати наздик ба Фургал иттиҳом эълон мешавад, ки ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 рабт мегирад. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Радио Свобода менависад, ки парванда нисбати гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои тафтишот, Фургал ташкилкунандаи сӯиқасд ба куштор ва куштори як қатор соҳибкорон мебошад. Ба иттилои мақомот, сиёсатмадор барои эълони айб ва боздошт ба додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав интиқол дода мешавад. Аз рӯи ин парванда қаблан чор гумонбари дигариниз боздошт шудаанд, ки бар зидди Фургал баёнот додаанд.

Соли 2019 собиқ коршарики Фургал - Николай Мистрюков боздошт шуда буд. Ӯро ба даст доштан дар кушторҳои фармоишии соҳибкорон Евгений Зоря ва Олег Булатов ва сӯиқасд ба куштори соҳибкор Александр Смолский дар солҳои 2004-2005 гумонбар медонанд.

Сергей Фургал аз сентябри соли 2018 раҳбари минтақаи Хабаровск буд. Дар интихобот аз ҳизби ЛДПР (ҳизби либерал-демократии Владимир Жириновский) пешбарӣ шуда дар даври дуюми интихобот бо 70 % овози тарафдорон баранда гардид. Иҷрокунандаи муваққатии раҳбари минтақа Вячеслав Шпорт, ки аз ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» аст, 28 % гирифт. Солҳои 1990 Фургал бо духтурӣ ва тиҷорат машғул шудааст. Соли 2005 депутати думаи минтақавии Хабаровск шуд ва раҳбарии кумитаи ҳифзи сиҳҳатиро ба ӯҳда дошт.

Солҳои охир дар Русия чанд раиси минтақа боздошту ба ҳабс маҳкум шуд. Вале ин аввалин бор аст, ки иттиҳом марбут ба эҳтимоли ташкили куштор аст.

Дар Қазоқистон 13 июлро рӯзи мотами фавтидагони коронавирус эълом карданд

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки ба хотири фавтидагони коронавирус дар кишвараш 13 июл рӯзи мотами миллӣ эълом мешавад.

"Ин вабо ба гирифтани ҷони қазоқистониҳо идома медиҳад. Пушти омори расмӣ фоҷиаи садҳо хонавода нуҳуфта аст: касе падар, каси дигар модар, бародар, хоҳар, писар ва ё духтарашро аз даст додааст. Ин фоҷиаи умумии мост. Бовар дорам, ҳар касе дар рӯзи мотам ҳар ҷо, ки бошад, хотираи рафтагонро гиромӣ медорад", - гуфт президенти Қазоқистон.

Вай ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва аз дигарон хост, ки "ноумед нашаванд ва худро ба руҳафтодагӣ насупоранд". "Мо касеро дар мушкилот намегузорем ва барои ҳифзи ҳаёту сиҳатии ҳар кадом қазоқистонӣ талош мекунем",- илова кард Тоқаев.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон аз раҳбарони қаблии вазорати тандурустии интиқод кард. Ӯ дар паёми телевизионии худ дар бораи "хатоҳои система"-и раҳбарии пешини вазорати тандуруст ва кори сусти ҳокимони маҳаллӣ дар ин замина сухан гуфт.

Рӯзи 25-уми июн вазири тандурустии Қазоқистон иваз карда шуд. Ба ҷои Елжан Биртанов, ки бинобар КОВИД-19 дар карантин ба сар мебруд, Алексей Сой вазири тандурустии Қазоқистон таъйин шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев дар ин хитоби телевизионӣ, ки шаби 8-уми июл аз шабакаҳои телевизони давлатии он кишвар пахш шуд, гуфт, ки масъулияти густариши коронавирус на танҳо ба ӯҳдаи мақомот, балки бар дӯши афроде низ ҳаст, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарданд. Тоқаев афзуд, вазъи эпидемологӣ дар кишвараш ҳамчунон душвор аст, аммо "бадтар" аз дигар кишварҳо нест.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 51 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор ва 264 кас аз ин вабо фавтидааст. Сар аз 5 июл Қазоқистон ба далели авҷи мавҷи дувуми коронавирус чораҳои карантинро сахттар кард.

Банд мондани 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар марзи Қазоқистон

Марзи Қазоқистону Узбекистон.

Се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон дар гузаргоҳи марзии "Жибек Жолӣ"-и Қазоқистон дармондаанд. Дар ин бора Сакен Калкаманов, муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон хабар дод. Ба гуфтаи вай, бештари дармондагон шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳастанд.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо навиштанд, ки дар гузаргоҳи "Жибек Жолӣ"-и байни Қазоқистон бо Узбекистон наздики 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон ҷамъ шудаанд. Ба навиштаи расонаҳо, бештари онҳо муҳоҷирони меҳнатие ҳастанд, ки дар Қазоқистон кор мекарданд ва қасди ба хонаҳояшон баргаштанро доранд. Узбекистон ба далели нокофӣ будани марказҳои карантиниаш иҷозат намедиҳад, ки ҷамъшудаҳо аз марз гузаранд.

Ба гуфтаи муовини раиси вилояти Туркистони Қазоқистон, ҳафтаи гузашта ҷониби Узбекистон ба 200-300 кас иҷозаи убур дод. Муовини раиси вилоят афзуд, рӯзе як маротиба эҳсонкорон ва афроди хайрхоҳ ба дармондагон ғизову об мерасонанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аксу навори ҷамъшудаҳо нашр гардид, ки чи гуна рӯи замин хоб мераванд.

Узбекистон сар аз охири моҳи март ба далели паҳншавии коронавирус марзҳояшро баст. Ин кишвар ба сокинони ҳамсоякишварҳояш иҷозаи убури марзро намедиҳад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG