Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавсими ҷоизаҳои Нобел оғоз меёбад


Эдвард Сновден
Эдвард Сновден

6 октябр масвсими ҷоизаҳои Нобел бо ҷоиза дар бахши тиб оғоз ёфт. 7 октябр ҷоиза дар бахши физика ва 8 октябр ҷоиза дар бахши кимё ё химия эълон хоҳанд шуд.

Пизишки амрикоӣ Дэвид Ҷулиусро рӯзномаи "Dagens Nyheter"-и шведӣ ба ҷоиза пешниҳод кардааст. Ҷулиус ошкор кардааст, ки узвҳои дардманд низ ҳамон вокуниш ба дард, ба таб ва ба сӯзишро доранд.

Дар ҳоле, ки Нобел бо сару садоҳо дар бораи се ҷоизаи илмӣ оғоз меёбад, ин сару садоҳо низ бештар мешавад, ки ҷоизаи Сулҳи Нобел 10 октябр эълон хоҳад шуд.

278 нафар ба ҷоизаи Сулҳи Нобел пешниҳод шудаанд, ки дар миёни онҳо Франсис-попи Рум ва Эдвард Сновден-ифшогари асрори электронии Амрико низ ҳастанд. Номи Сновденро ду намояндаи порламони Норвегия пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG