Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми Булғористон парлумони навро интихоб мекунанд


Бойко Борисов
Бойко Борисов

Дар Булғористон рӯзи якшанбе, 5 октябр, интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ мегузарад. Интихобот – паёмади эътирозҳои чандинмоҳа аст, ки ҳукумати кишварро барои истеъфо маҷбур сохта буданд.

Бар пояи назарсанҷиҳо, шояд Бойко Борисов, ки то моҳи феврали соли равон раиси кобинаи вазирон буд, дубора раҳбарии ҳукуматро бар дӯш бигирад. Ӯ ҳам бар асари эътирозҳои умумимиллӣ аз пойин рафтани сатҳи зиндагӣ аз мақомаш истеъфо дода буд. Бойко Борисов раиси ҳизби марказуростгарои GERB аст.

Бойко Борисов, аз нигоҳи таҳлилгарон, ба пирӯзии комил дар интихоботи парлумонӣ муваффақ нахоҳад шуд ва шояд дар Булғористон ҳукумати эътилофии на он қадар устувор ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG