Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон, Ҷомӣ ва Нақшбандия


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, сокинони кишварро ба эҳтироми забони тоҷикӣ ва дар баробари он ба омӯзиши забонҳои хориҷие мисли русиву англисӣ даъват кард. Оқои Раҳмон, ки рӯзи 4 октябр дар ҳамоише бахшида ба рӯзи забони тоҷикӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Душанбе сухан мегуфт, изҳор дошт, “забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли парандаи бе болу пар аст, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома афзуд, “дар давраи ҷаҳонишавӣ бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем”. Иди забони тоҷикӣ, ки ҳанӯз дар даврони пойбарҷоии Шӯравии собиқ мақоми давлатӣ гирифтааст, ҳар соли 22 июл таҷлил мешуд. Вале чанд соли охир бо раъйи вакилони Маҷлиси Намояндагон таҷлил аз Рӯзи забони тҷоикӣ ба 5 октябр иваз шудааст, ки ба ҷашни таваллуди раиси ҷумҳур рост меояд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин суханронии худ ба ҳаёту осори Абдураҳмони Ҷомӣ, аз шоирони шинохтаи форсизабон ҳам дахл карда, бештар ба афкори тасаввуфию ирфонӣ ва ба тариқати маъруфи Нақшбандия рӯй овардани ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ӯ гуфт, тариқати Нақшбандия як шохаи ороми тасаввуф буда, бо дини мубини ислом, хусусан мазҳаби ҳанафии он мувофиқати зиёд дорад ва ба он гаравидани Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеч гоҳ тасодуфӣ набудааст. “Зеро ин вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гурӯҳе аз мутаассибон буд, ки зери пардаи дини мубини ислом аз рӯи таассуб ва ҷаҳл дар байни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд. Суханҳои машҳури Мавлоно Ҷомӣ дар бораи тамоман маънӣ надоштани низои шиъаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд”,-таъкид дошт ӯ.

Имсол бо қарори ЮНЕСКО дар саросари Тоҷикистон 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил мешавад. То кунун чандин маҳфилу ҳамоиш ҳам дар робита ба ҳаёту осори ӯ баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG