Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар ду таркиш дар Кобул


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Кобул дасти кам 7 нафар кушта ва беш аз 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилои мақомоти Афғонистон, таркишҳо дар автобусҳое рӯй дод, ки низомиён ва кормандони вазорати дифоъро ба ҷойи кор мебурданд.

Гуфта мешавад, ки таркиши аввал дар наздикиҳои донишгоҳи Кобул пурқурбонӣ буд. Таркиши дуввум дар ғарби Кобул, дар наздикиҳои пойгоҳи нерӯҳои байнулмилалӣ рӯй дод.

Масъулияти таркишҳоро ҷунбиши “Толибок” бар дӯш гирифт.

Ҳамлаҳо як рӯз баъд аз он ба вуқӯъ пайвастанд, ки Афғонистон ва ИМА созиши амниятиро имзо карданд. Ин санад ба 12 ҳазор низомии амрикоӣ имкон медиҳад, ки то охири соли 2016 дар Афғонистон бимонанд. Қарор аст, ки дигар афсарону сарбозони хориҷӣ то поёни соли равон қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.

Созиши амниятӣ аз сӯи раисиҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай як рӯз баъди шурӯъ ба ифои вазифааш имзо шуд.

XS
SM
MD
LG