Ширкати ҳавоии Asian Express Airline-и Тоҷикистон парвозҳои мустақим миёни шаҳрҳои Душанбе-Астраханро оғоз кардааст. Дар ин бора фурудгоҳи шаҳри Астрахан хабар додааст.
Ин парвозҳоро ҳавопаймоҳои 737-400 ҳар ду ҳафта як бор анҷом медиҳанд. Ширкати мазкур ҳавопаймоҳоро аз ширкати “Тоҷик Эйр” лизинг мегирад. Парвоз дар ин масир 2 соату 30 дақиқа давом мекунад. Ширкати Asian Express Airline-и Тоҷикистон соли 2013 иҷозаи ин парвозҳоро ба даст овардааст.
Нархи парвоз аз як тараф 1400 сомониро ташкил медиҳад.