Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 намояндаи Тоҷикистон дар интихоботи сенати Қазоқистон


Ду узви Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ду намояндаи парлумони Тоҷикистон ба унвони нозир дар интихоботи сенати парлумони Қазоқистон иштирок мекунанд. Як масъули Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ рӯзи сешанбеи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар интихоботи Қазоқистон Зиё Раҳмон ва Далер Сафаров аз КМИРТ ва Фарҳод Раҳимиву Дилшод Исматуллоев, намояндагони парлумон, ба унвони нозир ширкат мекунанд.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ширкати намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи сенати парлумони Қазоқистон бо даъвати Кумисюни маркази интихоботи Қазоқистон сурат мегирад. Қарор аст, интихоботи сенати парлумони Қазоқистон 1 октябри соли ҷорӣ баргузор шавад. Сенати парлумони Қазоқистон аз 47 намоянда иборат аст, ки 15 нафари он аз тарафи раиси ҷумҳур ва 32 нафари боқимонда аз сӯи вакилони маҷлиси маслиҳат бо роҳи райъдиҳӣ интихоб мешаванд.

Сенат, палатаи болоии парлумони Қазоқистон аст, ки намояндагони он барои шаш сол таъин ва интихоб мешаванд.

XS
SM
MD
LG