Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се пулиси рус дар робита ба марги Фаррух Азоров


Мақомоти интизомии Русия се пулиси ин кишварро дар робита ба марги Фаррух Азорови 39-сола, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, боздошт кардаанд. Онҳо мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи латту кӯби кормандони пулис, ки ӯро барои бозпурсӣ оварда буданд, даргузаштааст.

Фаррух Азоров шаби 17 ба 18 сентябри соли ҷорӣ дар шӯъбаи пулиси шаҳри Солнечногорски вилояти Маскави Русия ҳалок шудааст. Табибон гуфтанд, қабурғаҳои ин нафар шикаставу дар баданаш чандин варам (гематома) буд ва зоҳиран ҳамин захмҳо сабаби марги ӯ шудаанд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, шоми 17 сентябр бо гумони даст доштан дар як мавриди таҷовуз ба номуси духтари маҳаллӣ боздошт шуда буд. Сомонаи “Нюс.ру” менависад, зоҳиран кормандони пулис мехостанд, ин боздоштшударо бо шиканҷа маҷбур ба эътирофи гуноҳ кунанд, вале “аз ҳад гузарондаанд”.

XS
SM
MD
LG