Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳӣ аз Раҳмон барои поин овардани нархи иҷораи хобгоҳ


Як гуруҳ аз аспирантҳо ё унвонҷӯён бо ирсоли нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, хостаанд, ба мушкили онҳо дар масъалаи нархи иҷораи хобгоҳ расидагӣ кунад. Ин гуруҳи унвонҷӯён, ки дар бинои хобгоҳи ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар кӯчаи Маяковский 70/2-и Душанбе, зиндагӣ мекунанд, гуфтаанд, раёсат нархи иҷораро 50 сомонӣ гаронтар кардааст. Ба қавли онҳо, агар дар гузашта барои як моҳи иҷора сад сомонӣ мепардохтанд, ҳоло муваззаф шудаанд, 150 сомонӣ супоранд.

Яке аз ин унвонҷӯёни норозӣ бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда ва гуфт, зери номаи дастҷамъии онҳо ба унвонии раиси ҷумҳур 28 нафар имзо гузоштааст. Ба иддаои ӯ, боло бурдани қимати иҷора бидуни огоҳӣ ва ягон шарҳу тавзеҳ боло рафтааст, ки пардохти он барояшон чандон осон набудааст. Дар номаи ин гуруҳи унвонҷӯён гуфта шудааст, “мо - аспирантон ва кормандони илмӣ (ному насаби мо дар замимаи мактуб оварда мешавад) аз муассисаҳои илмии гуногуни кишвар ҳастем, ки дар Хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон зиндагӣ намуда, пажӯҳиши илмӣ мебарем. Рӯзи дуюми сентябр, яъне баъд аз як рӯзи баромади Шумо нархи иҷорапулӣ барои истиқомат дар хобгоҳи мо ба ҷои кам шудан, ба таври ғайричашмдошт ва ғайримантиқӣ баланд карда шуд”.

Масъулони хобгоҳи ҷумҳуриявӣ то кунун дар ин замина изҳори назар накарда, далели боло бурдани нархи иҷораи хобгоҳро ҳам шарҳ надодаанд. Вале аспирантҳои тоҷик мегӯянд, аз ин қарори ба қавли онҳо “номуносиб” сахт норозӣ ҳастанд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, стипендия ва моҳонае, ки мегиранд, ба зиндагияшон намерасад ва дар ин нома худро аз қишри осебпазири ҷомеа муаррифӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG