Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиардери Русия ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд


Яке аз сарватмандтарин тоҷирони Русия бо гумони даст доштан дар як найранги молӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуд. Владимир Евтушенков, ки парвандааш бо парвандаи пурсарусадои Юкос монанд карда мешавад, замоне ба пулшӯйӣ гумонбар шуд, ки ширкати “AFK Sistema”-и ӯ саҳмияҳои “Башнефт”-ро харид. Ин ширкат иттиҳомоти Кумитаи тафтишоти Русияро комилан бепоя меномад ва зидди онҳо мубориза хоҳад бурд. Расонаҳои ахбори оми Русия мегӯянд, мушкил замоне пеш омад, ки ширкати давлатии “Роснефт” мехост, Башнефтро харидорӣ кунад. Роснефт аз тарафи ёвари дерина ва нерӯманди президенти Русия Владимир Путин Игор Сечин раҳбарӣ мешавад. Александр Шохин, раиси Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Русия ҳабси Евтушенковро “ бешубҳа, Юкоси дувум” номид, аммо сухангӯи Путин, Дмитрий Пешков ин муқоисаро беасос номид ва рад кард.

XS
SM
MD
LG