Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада тарҳи мақоми вижаи Донбассро пазируфт


Парлумони Украина рӯзи сешанбе, 16 сентябр, дар ҷаласаи пушти дарҳои баста қонун дар бораи мақоми махсуси бархе аз мавзеъҳои Донбассро пазируфт. Ин санад, аз ҷумла, афви ҳама ҷонибдорони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск ва интихоботи ғайринавбатӣ дар ин манотиқ дар рӯзи 7 декабри соли равонро пешбинӣ кардааст.

Вакили Верховная Рада аз ҷиноҳи «Озодӣ» Юрий Сиротюк хабар дод, ки аз тарҳи қонун 277 узви парлумони Украина пуштибонӣ карданд.

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи душанбе тарҳи қонун дар бораи тайи се сол ҷорӣ шудани режими махсуси идораи Донбассро ба парлумон фиристод. Ин санад афви ҷудоихоҳон, кафолати ҳаққаи истифодаи забони русӣ, тартиби махсуси таъин кардани раҳбарони мақомои джоситонӣ ва додрасҳо ва ҳамчунин кӯмаки иқтисодиву иҷтимоӣ ба вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро дар назар дорад.

Раҳбарони ҷумҳурии худхондаи Донетск рӯзи сешанбе изҳор намуданд, ки барои онҳо тарҳи қонун дар бораи режими худидораи бархе аз манотиқи Донбас акнун зиёд муҳим нест, аммо ин тарҳ метавонад таконе барои музокироти оянда шавад. Намояндагони ҷумҳурии мардумии Луҳанск гуфтанд, ки тарҳи Порошенко мутобиқ ба талаботи ҷудоихоҳон аст ва аммо нуктаҳои норушани зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG