Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис бинои Маҷлиси тоторҳои Қримро тафтиш мекунад


Дар Симферопол кормандони полис рӯзи сешанбе ба тафтиши бинои Маҷлиси тоторҳои Қрим шурӯъ карданд. Ба иттилои сомонаҳои маҳаллӣ, дар бинои китобу дастурҳои исломии дар Русия мамнӯъро мекобанд ва ҳуҷҷатҳоро мусодира мекунанд. Дар атрофи бинои Маҷлис кормандони полис мустақар шудаанд. Аз ин пеш хабар дода шуд, ки полис манзили узви Маҷлиси тоторҳои Қрим Искандар Бариевро бозҷӯӣ кард ва компютеру дигар таҷҳизотро бо худ бурд.

Рӯзи душанбе се нафари ношиноси ниқобпӯши мусаллаҳ парчами Украинаро аз бинои Маҷлиси тоторҳои Қрим пойин андохтанд.

Узви пешини яке аз комиссиюнҳои Қурултойи тоторҳои Қрим Куртсаид Абдуллоев ҳамлаву тафтиши бинои Маҷлисро бо он рабт медиҳад, ки аз ин пеш ин ниҳод аз тоторҳои Қрим даъват карда буд то интихобот ба Шӯрои давлатии нимҷазираи аз сӯи Русия илҳоқшудаи Қримро таҳрим кунанд.

Интихобот рӯзи 14 сентябр баргузор шуд ва аксари тоторҳои Қрим дар он ширкат надоштанд.

XS
SM
MD
LG