Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯён дар атрофи Бағдод


Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Амрико рӯзи душанбе ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ҷанубу ғарби Бағдод чанд зарба заданд.

Дар ин бора Ҳайати марказии фармондеҳии ИМА, ки раҳбарии нерӯҳои амрикоӣ дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Марказиро бар дӯш дорад, рӯзи 16 сентябр хабар дод. Дар изҳороти низомиёни амрикоӣ гуфта шудааст, ин зарбаҳо - қадами аввал дар татбиқи тарҳи мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, ки ҳафтаи гузашта аз сӯи раисиҷумҳур Барак Обама пазируфта шуд. Стратегияи ҷадиди Вошингтон дар мавриди гурӯҳи “Давлати исломӣ” густариши зарбаҳо аз ҳаво ба мавқеъҳои ҷангҷӯён дар Ироқ ва Сурия, афзоиши кӯмак ба артиши Ироқ ва мухолифини мусаллаҳи ҳукумати Димишқ ва таъсиси эътилофи байнулмилалӣ ба хотири аз байн бурдани ин гурӯҳро дар назар дорад.

Рӯзи душанбе, 15 сентябр, тақрибан сӣ кишвару созмони байнулмилалӣ дар як нишаст дар Порис ба ҳукумати Ироқ ваъда доданд, ки дар мубориза бо “Давлати Исломӣ” ба кишвар “кӯмакҳои муносиби низомӣ” мерасонанд.

Аҳли нишаст, ки аксаран аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ буданд, бо нашри як баёния гуфтанд, ки мубориза бо ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати Исломӣ, “масъалаи мубрами рӯз” аст. Аммо дар нишасти Порис дар бораи аз кадом шеваи кӯмак ба ҳукумати Ироқ кор гирифтани кишварҳо чизе гуфта нашуд.

XS
SM
MD
LG