Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Синой 6 корманди полиси Миср қурбони таркиш шуданд


014.
014.

Бар асари инфиҷори бомби сарироҳӣ дар шимоли нимҷазираи Синойи Миср шаш корманди полис ба ҳалокат расида, ду нафари дигар захмӣ шуданд. Таркиш дар канори шаҳри Рафаҳ, воқеъ дар марзи навори Ғаззаҳ, рӯй дод. Ҳадафи таркиш – зиреҳпӯши кормандони полис буд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамларо кадом гурӯҳ анҷом додааст. Қаблан масъулияти ин гуна ҳамлаҳоро гурӯҳи “Ансор Байт ул-Мақдис”, ки бо “Ал-Қоида” робита дорад, бар ӯҳда мегирифт.

Дар ибтидои моҳ бар асари таркиш дар шимоли нимаҷазираи Синой 11 корманди полис ҷон бохта буданд.

Дар Миср баъди барканории раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз мақом дар моҳи июли соли гузашта, ҳамлаҳо ба кормандони нерӯҳои амниятӣ афзоиш ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG