Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 сол ҳукми як узви ҳизби Таҳрир дар Хуҷанд


Додгоҳ як сокини шаҳри Хуҷандро бо гуноҳи узвият дар ҳизб – ут таҳрир ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Аҳмадҷон Очилов, сокини маркази вилояти Суғд аз суи додгоҳи Хуҷанд мутобиқи бандҳои 187 - “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ” ва 307 – “даъвати омммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ таӯйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон” – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист. Ба гуфтаи додгоҳ, Очилов соли 2000 ум ба созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъи Ҳизб-ут-таҳрир пайваста, байни аҳолӣ ақидаҳои экстремистии онро тарғиб мекард.

Вале Аҳмадҷон Очилов, ба гуфтаи вакилони мудофеаш, ин айбро қисман бар дӯш гирифтааст. Ҳасан Сӯфиев, яке аз ду вакили дифои Очидов ба Озодӣ гуфт, зерҳимояаш дар додгоҳ тасдиқ кард, ки дар соли 2000 - ум ба Ҳизб-ут- таҳрир дохил шуда буд. Аммо таъкид кард, ки баъди як сол барномаҳои ин ҳаракати тундравро радъ кард ва ихтиёран аз сафи он берун рафт. Очилов дар додгоҳ гуфтааст, ки баъди хориҷ шуданаш аз сафи Ҳизб-ут-таҳрир ҳама гуна фаъолияти худ дар сафи ин созмони пинҳонкорро қатӣ карда, ҳеҷ гоҳ барномаҳои онро тарғибу ташвиқ какардааст. Ҷаноби Сӯфиев афзуд, ки аммо додгоҳ иқрори софидилона ва пушаймонии Очиловро ба назар нагирифт ва ба ӯ ҷазои сахт таъин кард. Аз ин рӯ, вакилони дифоъ аз ҳукми додгоҳи Хуҷанд ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят бурдаанд.

Аҳмадҷон Очилов, сокини Хуҷанд ба гуфтаи додгоҳ, ҷойи кори доимӣ надошта, рӯзии аҳли оилаашро бо роҳи мардикорӣ дар Русия ба даст меовардааст. Ӯчанд моҳ қабл дастгир шуда буд.

XS
SM
MD
LG