Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Украина машқҳои низомӣ оғоз меёбанд


Қарор аст, имрӯз 15-уми сентябр тамринҳои низомӣ бо ширкати 1300 сарбоз аз 15 кишвар дар ғарби Украина оғоз шавад. Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида гуфт, дар ин машқҳо таҳти унвони “Найзаи сешоха” 200 сарбози амрикоӣ ширкат мекунанд. Баъди ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрими Украина ба қаламрави Русия ва идомаи бӯҳрон дар он кишвар бори аввал аст, ки нерӯҳои заминии Амрико ба Украина мераванд. Тамринҳои низомӣ дар шаҳри Яворив сурат мегиранд, вале дар он аз силоҳҳои оташфишон истифода намекунанд. Ба гуфтаи вазорати дифои Амрико, машқҳо қобилияти ҳамкориҳо байни воҳидҳои низомии Амрикову Украина ва кишварҳои дигар, сар аз Испониё то Канадаву Латвияро қавитар мекунанд. Аз ин пештар дар рӯзи 14-уми сентябр Валерий Ҳелетей, вазири дифои Украина, гуфт, баъзе аз кишварҳои НАТО барои мубориза бо ҷудоиталабони тарафдори Русия ва “гирифтани пеши роҳи” Владимир Путин ба нерӯҳои Украина силоҳу таҷҳизот додаанд.

XS
SM
MD
LG