Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко мақоми аввал дар рӯйхати ҳизбиро ба Савченко дод


Юлия Тимошенко
Юлия Тимошенко

Юлия Тимошенко, раиси ҳизби “Баткившина”, пешниҳод кард, ки дар рӯйхати ҳизбӣ ба парлумони Украина халабон Надежда Савченко дар мақоми аввал ҷой дода шавад. Ӯ дар анҷумани ҳизб рӯзи 14 сентябр хонум Савченкоро, ки дар як боздоштгоҳ дар Русия ба сар мебарад, рамзи муборизаи мардуми Украина номид.

Худи Юлия Тимошенко дар рӯйхати ҳизбӣ дар мақоми дуввум ҷой гирифт.

27 августи соли равон раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко парлумонро пароканда ва дар бораи рӯзи 26 октябр баргузор намудани интихобот ба Верховная Рада амр содир кард.

15 сентябр пешбарии номзадҳо аз рӯи феҳристи ҳизбӣ поён меёбад. Пешбарии номзадҳои инфиродӣ то 25 сентябр идома хоҳад кард.

Аз ин пеш ҳизби манотиқи Украина дар интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора вакилони ҳизб дар Верховная Рада Борис Колесников ва Михаил Чечетов дар нишасти хабарӣ дар Киев рӯзи 14 сентябр иттилоъ доданд. Ба гуфтаи Колесников, “Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки дар интихобот ширкат накунад, зеро дар кишвар ҷанг идома дорад ва баргузории интихобот дар 44 ҳавза ғайримумкин аст”. Михаил Чечетов афзуд, ки агар мардуми Донбасс дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок накунанд, парлумони ҷадидро наметавон қонунӣ номид. Ҳамзамон гуфта шуд, ки аъзои ҳизб ҳаққи инфиродӣ пешбарӣ кардани номзадии худро доранд.

Ҳизби манотиқи раисиҷумҳури пешин Виктор Янукович то баҳори соли равон ҳизби ҳукмрон дар Верховная Рада маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG