Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби манотиқ дар интихоботи Верховная Рада ширкат намекунад


Борис Колесников
Борис Колесников

Ҳизби манотиқи Украина дар интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора вакилони ҳизб дар Верховная Рада Борис Колесников ва Михаил Чечетов дар нишасти хабарӣ дар Киев рӯзи 14 сентябр иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи Колесников, “Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки дар интихобот ширкат накунад, зеро дар кишвар ҷанг идома дорад ва баргузории интихобот дар 44 ҳавза ғайримумкин аст”.

Михаил Чечетов изҳор намуд, ки агар мардуми Донбасс дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок накунанд, парлумони ҷадидро наметавон қонунӣ номид. Ҳамзамон гуфта шуд, ки аъзои ҳизб ҳаққи инфиродӣ пешбарӣ кардани номзадии худро доранд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ширкати Ҳизби коммунисти Украина ҳам дар интихоботи парлумонӣ зери суол аст.

27 августи соли равон раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко парлумонро пароканда ва дар бораи рӯзи 26 октябр баргузор намудани интихобот ба Верховная Рада амр содир кард.

15 сентябр пешбарии номзадҳо аз рӯи феҳристи ҳизбӣ поён меёбад. Пешбарии номзадҳои инфиродӣ то 25 сентябр идома хоҳад кард.

Ҳизби манотиқи раисиҷумҳури пешин Виктор Янукович то баҳори соли равон ҳизби ҳукмрон дар Верховная Рада маҳсуб мешуд.

XS
SM
MD
LG