Намояндаи Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко рӯзи 13 сентябр изҳор намуд, ки шаби гузашта Русия интиқоли ғайриқонунии ба истилоҳ «кӯмаки башарӣ» ва Украинаро анҷом дод. Ба гуфтаи ӯ, корвони мошинҳои Русия бидуни риояи расмиятҳо дар марз ва бидуни ҳузури кормандони Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх вориди қаламрави Украина шудааст. Ба иттилои хабаргузории УНИАН, ба марзбонҳо ва кормандони гумруки Украина иҷозаи тафтиши бори корвонро надоданд.
Рӯзи шанбе хабаргузориҳои Русия навиштанд, ки аввалин мошинҳо бо кӯмаки башарӣ вориди шаҳри Луҳански Украина шуданд. Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС рӯзи 13 сентбяр навишт, ки даҳҳо мошин ба интиқоли маводи озуқа, дорувор ва оби пок ба яке аз анборҳои шаҳр шурӯъ карданд.
Қарор буд, ки то охири рӯзи шанбе ҳамаи 250 мошини дуввумин корвон бо кӯмаки башардӯстона вориди Луҳанск шавад. Мансабдорони Русия гуфтанд, ки корвон ҳомили тақрибан 200 тонна молу мавод аст.
ИТАР-ТАСС ҳамчунин гуфтаҳои намояндаи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх Анастасия Исюкро овардааст, ки нафаре аз кормандони ин кумита корвонро роҳбаландӣ накардаанд. Аз ин пеш Салиби Сурх эълом дошт, ки ризоятии катбии Киев ва Маскав барои раҳбаладии корвон бо кӯмаки башариро дастрас накардааст.
Моҳи гузашта аввалин корвон бо кӯмаки башарии Русия чандин рӯз дар марзи Украина монд ва сипас бидуни иҷозаи Киев вориди вилояти Луҳанск шуд. Мақомоти Украина ба ин амал эътироз карданд ва Русияро дар таҷовуз ба қаламрави кишвар айбдор намуданд.