Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк: Фақат НАТО метавонад пушту паноҳи Украина бошад


Нахуствазири Украина дар як нишасти байнулмилалӣ дар Киев Владимир Путинро дар талоши ишғоли ҳама қаламрави Украина айбдор кард

Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, изҳор намуд, ки кишвараш ба ин зудӣ узви Паймони НАТО нахоҳад шуд, аммо аз нигоҳи ӯ, ин паймон ягона имкони мудофиаи Украина аз Русия боқӣ мондааст. Дар як нишасти байнулмилалии мавсум ба “Стратегии аврупоии Ялта” дар шаҳри Киев рӯзи шанбе 13 сентябр ӯ гуфт, “дар Инҷил омадааст, ки агар дареро бикӯбӣ, он оқибат боз хоҳад шуд. Мо ҳам тасмим гирифтем дари НАТО-ро бикӯбем”. Ӯ афзуд, "ба ман иҷоза диҳед рӯирост бигӯям, ки мо ҳанӯз ҳам дар ҳоли ҷанг қарор дорем ва таҷовузгари калидӣ – Федератсияи Русия аст".

Ҳамзамон Ятсенюк изҳор намуд, ки музокироти дуҷонибаи Киеву Маскав дар ҳалли низоъ дар Донбасс муассир нахоҳад буд. Ӯ гуфт, ки ҷонибдори музокироти чаҳоргона - ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Украина ва Русия аст. “Мо он қадар қавӣ нестем, ки музокироти дуҷониба доир кунем, Русия аз болои мо моро ба осонӣ пирӯз мешавад”, иқрор намуд Арсений Ятсенюк. Маскав ширкати низомиёнаш дар задухӯрдҳо дар шарқи Украинаро рад мекунад.

Нахуствазири Украина созиши оташбас миёни Киев ва ҷудоихоҳони рустаборро, ки рӯзи 5 сентябр дар Минск ҳосил шуд чун як қадами аввал дар роҳи қатъи кушторҳо дар шарқи Украина арзёбӣ кард ва афзуд, “дар бораи он ки мо ба созиш расидаем ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Ин гоми нахустин аст ва шояд роҳро барои ҳалли мусолиматомези низоъ боз кунад”. Зимнан, бар пояи хабарҳо, оташбас дар шарқи Украина риоя намешавад - бархе расонаҳо рӯзи 13 сентябр дар бораи даргириҳо миёни ҷудоихоҳон ва артиши Украина дар атрофи фурудгоҳи шаҳри Донетск иттилоъ доданд.

Арсений Яценюк шоми ҷумъа дар мусоҳиба бо шабакаи панҷуми телевизиони Украина изҳор намуд, ки вилоятҳои Донетск ва Луҳанск чун бахше аз қаламрави кишвар боқӣ хоҳанд монд ва мавзӯи якпорчагии Украина гоҳ мавриди баҳсу баррасӣ қарор нахоҳад гирифт. Роҳбарони ҷудоихоҳон се рӯз қабл изҳор намуданд, ки Донетск ва Луҳанск барои

Киев Путинро дар талоши ишғоли Украина айбдор мекунад
Киев Путинро дар талоши ишғоли Украина айбдор мекунад

истиқлол пойфишорӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол сиёсатмадор мутмаин аст, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барои тобеи Маскав кардан ва аз байн бурдани истиқлоли давлати Украина талош дорад: Ӯ дар нишасти байнулмилалӣ дар Киев гуфт, "барои ман ҳадафи ниҳоии раисиҷумҳур Путин рушан аст, ҳадафи ӯ фақат ишғоли Донетск ва Луҳанск нест, ҳадафи ӯ ишғоли ҳама қаламрави Украина аст. Ӯ наметавонад бо андешае розӣ бошад, ки Украина узви хонаводаи Иттиҳодияи Аврупо мешавад. Ӯ мехоҳад Иттиҳоди Шӯравиро эҳё кунад”.

Ятсенюк афзуд, ки марҳалаи аввали тарҳи Маскав – замима кардани нимҷазираи Қрим буд. Ба гуфтаи ӯ, қадами дуввум – роҳандозии низоъи мунҷамидшуда дар Донбасс ва қадами саввум – ташкили долон аз тариқи Одесса ба ҷумҳурии Соҳили Днестри Молдавия мебошад.

Дар нишасти байнулмилалӣ дар Киев Арсений Ятсенюк ҳамчунин хабар дод, ки ҳизби ӯ “Фронти халқӣ” дар интихоботи қабл аз вақти Украина мустақилона ва ҷудо аз эътилофи Петро Порошенко ширкат хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки ҳизби ӯ ва эътилофи таҳти раёсати раисиҷумҳур дар мавқеъҳои гуногун қарор доранд ва онҳоро фақат ислоҳот ба хотири тайғирот дар Украина муттаҳид месозад. Аз ин пештар расонаҳои украинӣ ҳадс мезаданд, ки Петро Порошенок ва Арсений Ятсенюк дар арафаи интихоботи парлумонии рӯзи 26 октябр муттаҳид мешаванд.

Петро Порошенко, охири моҳи гузашта, расо як моҳ баъд аз баҳамрезии эътилофи ҳукмрон дар парлумон, Верховная Радаро пароканда кард. Бар пояи қавонини Украина, интихобот аз рӯи системи омехта баргузор мешавад. Сокинони Қрим метавонанд дар манотиқи берун аз нимҷазира ва фақат дар интихобот аз рӯи феҳристи аҳзоб ширкат кунанд. Онҳо ҳаққи раъйдиҳӣ ба номзадҳо дар ҳавзаҳои якмандатиро надоранд. Қарор аст, ки теъдоди вакилони парлумони Украина аз 450 то 438 нафар коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG