Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ мубориза бо ситезаҷӯёнро дар Миср баррасӣ мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, ки ба хотири ташкили эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Ховари Миёна ва шимоли Африқо сафар кардааст, рӯзи шанбе вориди Қоҳира шуд.

Аз ин пеш ӯ мавзӯъи муборизаи муштарак бо ин гурӯҳро бо раҳбарони Ироқ, Урдун, Арабистони Саъудӣ ва Туркия баҳсу баррасӣ кард. Ҷон Керрӣ дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва раҳбари Лигаи кишварҳои араб Нобил ал-Арабӣ мулоқот мекунад.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, қаблан гуфта буд, кишвараш омода аст, созмони “Давлати Исломи”-ро, ки бахше аз қаламрави Ироқ ва Сурияро ишғол кардаанд, заъиф ва баъдан торумор кунад. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа дар Анқара изҳор намуд, ки Амрико мехоҳад барои мубориза бо ин созмон як эътилофи бузургро ташкил кунад.

Хадамоти марказии кашфи Амрико ахиран эълом дошт, ки бар пояи иттилои нав, теъдоди ҷангиёни “Давлати Исломӣ” дар Ироқу Сурия аз 20 ҳазор то 31 500 нафар аст. Райан Трапани, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 11-уми сентябр гуфт, “теъдоди ҷангиёни созмон бинобар ҷалби бештари аъзо, эъломи хилофат, фаъолиятҳои бештари ҷангӣ баъд аз моҳи июн” зиёд шудааст. Қаблан гуфта мешуд, ки шумораи мусаллаҳони “Давлати Исломӣ” аз 10 ҳазор нафар бештар нест.

XS
SM
MD
LG