Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири Торонто барои ҳифзи курсияш талош нахоҳад кард


Мири шаҳри Торонтои Канада Роб Форд, ки баъд аз иқрораш дар мавриди истеъмоли маводи мухаддир машҳур шуд, аз ширкат дар интихоботи навбатӣ ба мақоми шаҳрдор даст бардошт. Интихоботи мири шаҳри Торона рӯзи 27 октябр баргузор мешавад.

Хабаргузории Reuters рӯзи 13 сентябр иттилоъ дод, ки ахиран Форд ба бемористон интиқол ёфт.

Чанде пеш мири шаҳрро дар метро дар ҳоле навор гирифтанд, ки зери таъсири маводи мухаддир ё машрубот буд. Моҳи ноябри соли гузашта шӯрои шаҳри Торонто тақрибан ҳама ваколатҳои Фордро ботил кард. Бо вуҷуди ин назарпурсӣ ҳокист, ки ӯ дар байни шаҳрвандони бузургтарин шаҳри Канада маҳбубияти зиёд дорад ва дар феҳристи одамони бонуфуз дар мақоми дуввум аст.

Дуг Форд, бародари бузурги шаҳрдори феълӣ, номзади на он қадар маъруф ва аммо аз довталабони аслии курсии мири Торонта маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG