Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ ё Ашрафғанӣ? 1 рӯзи дигар то эълони президенти нав


Раиси Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, рӯзи якшанбе эълон хоҳанд кард, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ президент шудааст, ё Ашрафғанӣ Аҳмадзай.

Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, натиҷаи ниҳоии тафтиши оро (овозҳо)-и даври дувуми интихоботи президентии ин кишвар рӯзи якшанбе эълон хоҳад шуд. Юсуф Нуристонӣ, раиси кумисюн, гуфтааст, аз 4 ҳазору 263 сандуқи овоздиҳӣ, ки боқӣ монда буд, 405-тои он ба баррасии маҳдуд ниёз дорад.

Раиси Кумисюни мустақили интихобот мегӯяд, овозҳои ин 405 сандуқ марбут ба 31 вилоят мебошад ва бояд ба гунаи ҷиддӣ дубора баррасӣ гардад. Ба қавли Нуристонӣ, тафтиши дубораи ин маҳалҳо рӯи шаффофияти интихобот таъсиргузор хоҳад буд.

Оқои Нуристонӣ афзудааст, тафтиши оро бо хоҳиши Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай – ду довталаби курсии раёсати ҷумҳури Афғонистон дар даври дувуми интихобот таҳти назорати нозирони миллӣ ва байналмилалӣ сурат гирифта ва ҳардуяшон бояд натиҷаи ниҳоиро бипазиранд. “Ҳеч далел намонда, ки ситодҳои интихоботии номзадҳои муҳтарам натиҷаи тафтишро напазиранд. Ба хотири он ки тамоми меъёрҳое, ки онҳо пешниҳод карда буданд, аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ қабул шуд ва таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ ва нозирони худашон баррасӣ гардид”,-таъкид доштааст ӯ.

Аммо ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шудаанд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, раванди сиёсӣ ба бунбаст расида ва агар натиҷаҳои интихобот аз сӯи Кумисюни мустақил эълон ҳам шавад, онро нахоҳанд пазируфт. Ӯ баъд аз зуҳри 8 сентябр, ба дунболи бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот бо рақибаш Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ, дар Кобул гуфт, “мо аз ҳаққи худ ва мардуми худ намегузарем, ҳеҷ кас инро иштибоҳ нагирад, мо аз ҳаққи худ гузаштанӣ нестем”.

Доктор Абдуллоҳ, вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон дар даври аввали интихоботи ин кишвар, ки рӯзи 5 апрел доир шуда буд, аз байни 8 номзад бо касби 45 дарсади оро пешсаф шуд. Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар даври аввал ҳамагӣ 31 дарсад раъй ба даст оварда буд. Дар даври дувуми интихобот Залмай Расул, ки 11 дарсад, Абдураб Расули Сайёф, ки беш аз 7 дарсад ва Гулоғо Шерзай, ки беш аз ду дарсади орои интихобкунандагонро дар даври авал ба даст оварда буданд, аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ карданд.

Ба ин тартиб, дар даври дувум аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай се номзад --Қутбиддин Ҳилол, ки ҳудуди 2 дарсад, Довуд Султонзай, ки 0,5 дарсад ва Ҳидоят Амир Арсало, ки 0,2 дарсади орои интихобкунандагонро дар даври аввал касб карда буданд, пуштибонӣ намуданд. Вале дар даври дувум, ки 14 июн доир шуд, бино бар натоиҷи муқаддамотии эълоншуда, мақомоти интихоботӣ ба Аҳмадзай 56 дарсади овозҳо ва ба Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъйро нисбат доданд.

Ин натиҷаҳо боис ба эътирози тунди доктор Абдуллоҳ ва тарафдорони ӯ шуд. Танҳо бо мусоидати миёнҷиҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ, ки ду дафъа барои музокира бо номзадҳо ба Кобул сафар кард, қарор шуд, то овозҳои, ба таъбири доктор Абдуллоҳ, “нопок” бозшуморӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG