Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Нуриро аз Озарбойҷон ронданд


Саид Нурӣ, як шаҳрванди озаритабори Амрикоро, ба гуфтаи худаш баъд аз таҳдиду зӯргуиҳо аз Озарбойҷон ихроҷ кардаанд. Саид Нурӣ рӯзи 12-уми сентябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки ӯро аз ватанаш ронда ва гуфтаанд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба Озарбойҷон барнагардад. Ӯ гуфт, ки баъди вурудаш аз Боку ба шаҳри Тифлиси Гурҷистон, аз фарди номаълуме имейли таҳдидомез гирифтааст, ки хешовандонаш дар Озарбойҷонро аз ёд набарад. Пештар аз ин як видеои маҳрамонаи Саид Нурӣ ва дӯстдухтараш дар Интернет нашр шуд. Мақомоти Озарбойҷон рӯзи 4-уми сентябр Саид Нуриро аз ҳаққи тарки кишвар маҳрум карда ва гуфтанд, ки ӯро дар робита ба парвандаи номаълуме бозпурсӣ мекунанд. Саид Нурӣ, муовини раиси созмони мухолифи “Фикри тоза” буд ва чанд сол пеш баъди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин созмон Озарбойҷонро тарк кард.

XS
SM
MD
LG