Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: "Давлати Исломӣ ҳеҷ чизи исломӣ надорад"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай бояд таҳаввулот дар атрофи кишварҳои узв, аз ҷумла дар Ховари Миёнаро пайгирӣ кунанд, ки дар онҷо тундравон созмони “Давлати Исломӣ”-ро ташкил додаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе рӯзи 12-уми сентябр гуфт, “бисёр возеҳ аст, ки масоили таъмини амнияту субот дар минтақа ва муборизаи беамон бо терроризм бояд аз авлавияти асосии кори аъзои созмон бошад.” Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ончӣ дар Ховари Миёна мегузарад, аз ҷумла ташкили “Давлати Исломӣ” дар қаламрави Сурия ва Ироқ мумкин аст, “ба авзои минтақаи мо таъсир” гузорад, ҳарчанд ба гуфтаи ин ӯ ин созмон ҳеҷ чизи муштараке бо арзишҳои исломӣ надорад. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки ба он Тоҷикистону Чин, Русиву Узбакистон ва Қазоқистону Қирғизистон шомиланд имрӯз ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG