Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои Ховари Миёна ва хориҷ аз он масъалаи таъсиси эътилоф барои мубориза бар зидди тундравони созмони Давлати Исломиро баррасӣ кард. Дар ин нишаст, ки рӯзи 11-уми сентябр дар Арабистони Саудӣ сурат гирифт, вазирони умури хориҷии Шӯрои Ҳамкориҳои Халиҷ Баҳрайн, Кувайт, Уммон, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳам вазирони Мисру Ироқ, Урдун, Лубнон ва Туркия ҳузур доштанд. Ҷон Керрӣ ин мулоқотро бисёр муҳим хонд. Қабл аз оғози нишаст, вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз Арабистони Саудӣ ва Баҳрайн Шоҳзода Сауд ал-Файсал ва Шайх Холид ал-Халифа гуфтугӯ кард. Як рӯз пеш аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико стратегияи ҳукуматаш барои мубориза бо ҷангҷӯёни Давлати Исломиро муаррифӣ кард ва гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида алайҳи ин ҷангҷӯён муборизаи беамон хоҳад бурд.