Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Терроризми телефонӣ"-и як зани тоҷик дар Петербург


Як зани 44-сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми “терроризми телефонӣ” боздошт шудааст. Бино ба гузориши матбуоти маҳаллӣ, ин зан шоми 10 сентябр, соати тақрибан 18-50 тавассути телефон хабар додааст, ки гӯё дар толори интизории вокзали Московсикй дар Петербург мина гузоштаанд. Мақомот билофосила мардумро аз толор берун карданд, вале тахшис нишон дод, ки хабари минакории вокзал дурӯғ будааст. Маълум шуд, ки “муаллиф”-и занг як зани 44-сола аз шаҳри Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон будааст. Исми зан нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ як зани бекор буда, қаблан ҳам барои дуздӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Ин зан эътироф кардааст, ки дар бораи гӯё минакорӣ шудани вокзали Московский маҳз ӯ аз телефонаш хабар додааст. Ӯ гуфта, ки ин корро аз авбошӣ кардааст.

Соли гузашта як тоҷик бо айни иттиҳоми хабари бардурӯғ додан дар бораи бомбгузорӣ дар фурудгоҳи Пулковои Петербург дастгир шуда буд. Маълум шуд, ки вай аз парвоз дер монда, бо ин роҳ хостааст худро ба Душанбе бирасонад.

Қонунҳои Русия барои “терроризми телефонӣ” то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG