Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Чин вориди Душанбе шуд


Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин қабл аз зуҳри панҷшанбе ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай вориди Душанбе шуд. Раиси ҷумҳури Чинро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Марҳаббо Ҷабборӣ ва вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов истиқбол гирифтанд. Ин нахустин сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон аст. Баъди анҷоми нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, рӯзҳои 13-14 сентябр раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин сафари давлатиаш ба Тоҷикистонро доир хоҳад кард. Ҷинпин дар чорчӯби ин сафар дар расми хатми сохтмони маркази дуюми гармидиҳии Душанбе ва ҳам дар маросими оғози сохтмони хатти чоруми лӯлаи гази “Осиёи Марказӣ-Чин” дар рустои Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ширкат мекунад. Мақомоти Душанбе мегӯянд, харҷи сохтмони ин лӯла, ки 400 километраш аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад, тақрибан 3 миллиард долларро ташкил хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG