Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ба Душанбе Сартоҷ Азизро фиристодааст


Сартоҷ Азиз дар фурудгоҳи Душанбе
Сартоҷ Азиз дар фурудгоҳи Душанбе

Покистонро дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, мушовири нахуствазири он кишвар дар умури умури хориҷӣ Сартоҷ Азиз намояндагӣ мекунад. Сартоҷ Азиз қабл аз зуҳри панҷшанбе дар раъси ҳайати кишвари Покистон вориди Душанбе шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сартоҷ Азизро муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов истиқбол кард. Интизор мерафт дар нишасти Душанбе Покистонро нахуствазири он кишвар намояндагӣ кунад. Вале ҳоло ба назар мерасад, ки бинобар буҳрони сиёсӣ дар он кишвар ва тазоҳуроти тӯлонии наздик ба як моҳа дар Исломобод, Навоз Шариф натавонистааст дар ин нишаст ширкат намояд. Покистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай мақоми нозирро дорад ва дар талош аст, ки ба узвияти доимии ин созмон шомил шавад.

XS
SM
MD
LG