Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бо Эрон дар масъалаи "Давлати Исломӣ" ҳамкорӣ намекунад


Вазири корҳои берунаи Амрико Ҷон Керрӣ мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқобили густариши гуруҳи “Давлати Исломӣ” наззорагари хомӯш нахоҳад буд, балки онро шикаст хоҳад дод. Дар ҷараёни сафараш ба Бағдод, пойтахти Ироқ вай гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳимоят аз давлати Ироқ, ба вижа дар ин марҳалаи ҳалкунанда манфиатдор аст ва барои ин як эътилофи ҷаҳонӣ дар ҳоли густариш аст. Аммо Керрӣ афзуд, Амрико мақсад надорад, дар ин самт бо Эрон ҳамкории низомӣ ё дигаре дошта бошад. Керрӣ барои таъсиси як эътилофи минтақаӣ ба Ховари Миёна, аз ҷумла Ироқ, Урдун, Миср, Туркия ва шаш кишвари Халиҷи Форс сафар дорад, то онҳоро ба иҷрои тарҳи кишвараш дар баробари “Давлати Исломӣ” ҷалб кунад.

XS
SM
MD
LG