Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Афғонистон ҳафтаи оянда эълон мешаванд


Мақомоти афғон эълон карданд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии 14-уми июни Афғонистон қатъи назар аз созиши номзадҳои рақиб ҳафтаи оянда эълон хоҳанд шуд. Сарир Аҳмади Бармак, узви Кумиссюни мустақили интихоботии Афғонистон рӯзи 10-уми сентябр гуфт, натиҷаҳои бозрасии 8 миллиону 100 ҳазор раъйи интихобкунандагон омода шудаанд ва ҳафтаи оянда эълон хоҳанд шуд. Вай рӯзи дақиқеро барои ин зикр накард. Ин дар ҳолест, ки гуфтушуниди номзадҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ натиҷа надод ва нигароние дар миён аст, ки эълони натиҷаҳо ба суди Аҳмадзай метавонад тарафдорони Абдуллоҳро ба ошӯб кашонад.

XS
SM
MD
LG