Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили соҳибкорони СҲШ дар шаҳри Душанбе


Бо ширкати 350 намояндаи маҳофили тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баргузорр гашт. Дар ҷараёни он ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳои узв ва нозир яке аз самтҳои асосии кори Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Ширкаткунандагони форум мегӯянд, ин ҳамоиш барояшон имкон дод, барномаҳои нави худро муаррафӣ кунанд ва коршарикони нав пайдо намоянд. Ба ҷуз аз кишварҳои узв ва нозир дар он ҳамчунин намояндагони Беларус, Шри-Ланка и Туркия – кишварҳои шарики муколама низ ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG