Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷон Керрӣ ба хотири ташкили ҷабҳаи зидди "Давлати Исломӣ"


Вазири корҳои берунаи Амрико Ҷон Керрӣ ба Ироқ, Урдун, Миср, Туркия ва шаш кишвари Халиҷи Форс сафар дорад, то онҳоро ба иҷрои тарҳи кишвараш дар бархӯрд ба гуруҳи “Давлати Исломӣ” ҷалб кунад. Қарор аст, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама шоми 10-уми сентябр тарҳи амалиёти Амрикоро зидди ин гуруҳ, ки бахшҳои умдае аз Сурия ва Ироқро таҳти назорат дорад, эълом дорад. Обама ба сарони порлумони ин кишвар гуфт, вай салоҳияти амалкард зидди гуруҳи “Давлати Исломӣ”-ро дорад ва нақшаи худро дар як паёмаш шарҳ хоҳад дод. Вай афзуд аз бархӯрде истиқбол хоҳад кард, ки ваҳдати ақида дар Иёлоти Муттаҳидаро нишон диҳад. Аммо раҳбари аксарияти сенати Амрико, ҷумҳурихоҳ Митч Макконнел ба хабарнигорон гуфтааст, Обама барои амалиёти зидди гуруҳи “Давлати Исломӣ” бояд иҷозаи порлумонро ба даст орад.

XS
SM
MD
LG