Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Apple айфонҳои нав ва соати ҳушманди худро рӯнамо кард


Ширкати Apple Inc соати ҳушманд ва ду Айфони нави худро, ки аз моделҳои гузашта калонтаранд, рӯнамоӣ кард. Соати Apple Watch бар замми барномаҳои мухталиф ҳамчунин метавонад ҳамчун нозири саломатӣ ва машқи бадан хидмат кунад ва бо Айфон дар пайванд бошад. Ин дастгоҳ, ки барномаи бо садои соҳиби он коркунандаи “Сирӣ” – “ёрдамчии шахсии электронӣ” дорад, метавонад ҳамчунин набзи кас ва ҳам харитаи минтақаро нишон диҳад. Нархи он 349 доллар, яъне қиматтар аз соатҳои ҳамсони ширкатҳои рақиб буда, танҳо аввали соли 2015 ба бозор мебарояд. Айфони нави 6 лавҳаҳои калонтари 11,9 сантиметрӣ дошта, айфони 6 Плас 14 сантиметр аст ва ба гуфтаи бархе аз коршиносон ҳадаф ин аст, ки харидорон Эпплро ба телефонҳои андроид бартарӣ диҳанд. Эппл мегӯяд, бунёди айфонҳои нав ба гунаест, ки назар ба гузашта суръати кори компютерии онҳоро 25 дарсад бештар мекунад. Ин телефонҳои ҳамроҳ рӯзи 19-уми сентябр ба фурӯш хоҳанд баромад.

XS
SM
MD
LG