Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко ба шарқи Украина мақоми махсус медиҳад


Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко мегӯяд, имрӯз ба порлумони кишвараш тарҳеро пешниҳод мекунад, ки бино бар он ба минтақаҳои шарқии Украина мақоми махсус дода мешавад, аммо бар пояи созишномае, ки ҳафтаи гузашта бо ҷудоихоҳони рӯ ба Русия имзо шуд, аз назарияи Украинаи якпорча ҳимоят мекунад. Порошенко афзуд, ҳифзи оташбаси дуҷониба дар Донетск ва Луҳанск бо душворӣ даст медиҳад ва ба гуфтаи ӯ, “террористҳо ҳама вақт кӯшиш мекунанд, вазъро ба ҳам зананд”. Раисиҷумҳури украин гуфт, тағйири мавзеъгириҳои нерӯҳои давлат дар ин минтақа на ба хотири ҳамла, балки дифоъ ба вуқӯъ пайвастааст. Вай инчунин ҷорӣ шудани “режими махсус”-ро дар мавзеъҳои ҳамҷавори минтақаи амалиёти ҳарбӣ аз эҳтимол дур надонист.

XS
SM
MD
LG