Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама мегӯяд, иҷозаи амалиёти зидди "Давлати Исломӣ"-ро дорад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба сарони порлумони ин кишвар гуфт, вай салоҳияти амалкард зидди гуруҳи “Давлати Исломӣ”-ро дорад ва нақшаи худро дар як паёмаш шарҳ хоҳад дод. Вай афзуд аз бархӯрде истиқбол хоҳад кард, ки ваҳдати ақида дар Иёлоти Муттаҳидаро нишон диҳад. Аммо раҳбари аксарияти сенати Амрико, ҷумҳурихоҳ Митч Макконнел ба хабарнигорон гуфтааст, Обама барои амалиёти зидди гуруҳи “Давлати Исломӣ” бояд иҷозаи порлумонро ба даст орад. Қарор аст, Обама тарҳи амалиёти Амрикоро зидди ин гуруҳ, ки бахшҳои умдае аз Сурия ва Ироқро таҳти назорат дорад, рӯзи 10-уми сентябр баён намояд.

XS
SM
MD
LG