Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров умедвор аст, музокирот оғоз мешавад


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, умедвор аст, ки гуфтугӯ дар бораи мақоми ояндаи манотиқи шарқии Украина ба зудӣ шурӯъ мешавад. Дар ин бахши Украина ҷудоиталабони тарафдори Русия даъвои истиқлол доранд. Сергей Лавров рӯзи 9-уми сентябр ҳамчунин иддао кард, ки нерӯҳои Украина дар шимолушарқи вилояти Донетск басиҷ шуда ва қасд доранд, бо вуҷуди созиши оташбас ба ҷудоиталабон ҳамла кунанд. Ҷудоиталабон вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро ҷумҳуриҳои мардумии мустақил эълон карда ва мехоҳанд, ба Русия бипайвандад. Ҳукумати Украина гуфтааст, ки ин вилоятҳои умдатан руснишин метавонанд соҳиби салоҳиятҳои бештар шаванд, аммо на мустақил. Миёни ҷудоиталабон ва нерӯҳои Украина рӯзи 5 сентябр созиши оташбас ҳукми иҷро гирифт ва дар умум риоят мешавад. Андрей Лисенко, сухангуи артиши Украина рӯзи 9-уми сентябр гуфт, ки дар ҷангҳо дар ҷараёни оташбас 5 сарбози украинӣ кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG