Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Абдулло хостанд, натиҷаҳои тафтишро бипазирад


Давлати Амрико аз Абдулло Абдулло, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон тақозо кардааст, ки натиҷаҳои тафтиши орои интихоботро бипазирад. Ҷен Саки, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 8-уми сентябр дар Вашингтон гуфт, “доктор Абдулло пайваста гуфтааст, ки ба Қонуни Асосӣ эҳтиром мегузорад.” Пеш аз ин баёнияи Псаки дар рӯзи 8-уми сентябр, доктор Абдулло гуфт, ки натиҷаҳои тафтиши орои даври дуввуми интихоботи рӯзи 14-уми июнро қабул намекунад ва талошҳо барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ бо рақиби интихоботиаш ба бунбаст ворид шудааст. Ӯ зимни суханронии телевизионӣ гуфт, “Мо натиҷаҳои интихоботи тақаллубомезро қабул намекунем ва ҳукумати тақаллубиро барои як рӯз ҳам қабул надорем.” Қарор аст, натиҷаҳои тафтиши орои даври дуввуми интихоботро охири ҳамин ҳафта эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG