Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолланд натиҷаҳои таҳқиқи фалокатро нашр мекунад


Мутахассисони Ҳолланд, ки сабабҳои суқути ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар фазои Украинаро таҳқиқ доранд, натиҷаҳои ин таҳқиқро рӯзи 9-уми сентябр эълон мекунанд. Муассисаи Амнияти Парвозҳои Ҳолланд, раҳбари таҳқиқи фалокат то чанд соати дигар гузориши муқаддамотӣ дар бораи суқути ҳавопайморо дар вебсайташ нашр мекунад. Рӯзи 17-уми июл ҳавопаймои мусофирбари Боинги ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар манотиқи муноқиша дар шарқи Украина сарнагун шуд ва 298 нафар ва 190 нафарашон шаҳрвандони Ҳолланд ҳалок шуданд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, бар тибқи маълумоти хадамоти махсуси онҳо, ҳавопайморо ҷудоихоҳони тарафдори Русия бо мушаки замин ба ҳавои Бук задаанд. Аммо Русия ва ҷудоихоҳон мегӯянд, ки Украина сабаби ин фалокат шудааст. Сара Вернуй, сухангӯи Муассисаи Амнияти Парвозҳои Ҳолланд гуфт, ки мутахассисон сабабҳои суқути ҳавопайморо таҳқиқ доранд, на “масъулони фалокатро”. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди онки мутахассисони ҳолландӣ натавонистанд, ба ҷойи ҳодиса ба вилояти Донетск раванд, аммо хулосаи дуруст дода метавонанд.

XS
SM
MD
LG