Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳалокати 5 шер дар як сирки Эрон


Раиси идораи созмондеҳии Созмони муҳити зисти Эрон аз марги панҷ шер дар сирки Паршин дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ хабар додааст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Амирхусайн Додошӣ, раиси идораи Созмони муҳити зисти Эрон рӯзи ҷумъа гуфтааст, ки як шери мода дар сирки "Паршин" дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ ҳамроҳ бо се тӯла ё тифли батни худ ба ҳангоми зоидан даргузашта ва пас аз он шери нар бар асари сакта мурдааст.

Ба гуфтаи оқои Додошӣ, ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе рух дода ва шери мода сегоник ҳомила будааст. Вай гуфт, "Тифли аввал ба сабаби ин, ки ҷуссаи бузурге дошт, вақти таваллуд ҳалок шуд. Ба дунболи он низ, ду навзоди дигари ин шер, қабл аз ин, ки аз шиками шери мода хориҷ шаванд, аз байн мераванд."

Ба гуфтаи оқои Додошӣ, пас аз марги се шербача, шери мода ба сабаби уфунат ҷони худро аз даст медиҳад ва шери нар ҳам бар асари сакта мемирад. Вай изҳори назар дар бораи сабаби марги ин панҷ шерро ба баррасии гузориши комили коршиносӣ вобаста донист ва гуфт, агар мудири сирк дар ин ҳодиса нақши аслиро дошта бошад, парвандаи қазоӣ барои муҷозоти вай боз мешавад.

Ба гуфтаи оқои Додошӣ, ин бордорӣ ба сурати дарунзоӣ шакл гирифта буд, ки бар ин асос шери нар ва мода, хоҳар ва бародар будаанд. Дарунзоӣ дар шерҳо, ки сабаби таваллуди тулаҳои ноқиз мешавад, бар асоси дастурамали нави мудирияти сиркҳо, мамнӯъ аст.

Дар моҳҳои гузашта интишори гузоришҳое дар бораи вазъияти нигаҳдории номуносиби ҳайвонот дар бархе аз сиркҳо бозтоби васее дар шабакаҳои иҷтимоии Эрон дошт. Қаблан гузоришҳое аз нигаҳдории 30 шери африқоии мутааллиқ ба "Сирки қаҳрамони Шероз" дар қафаси бисёр хурд дар ҷазираи Кишм мунташир шуд.

Сайти "Тобнок" чанд моҳ пеш хабар дода буд, ки ин сирк пас аз 18 рӯзи фаъолият баста шудааст. Ҳусайн Муҳаммадӣ, мудири кулли муҳити зисти вилояти Албурз, дар ин замина гуфтааст, ки иҷозатномаи фаъолияти ин сирк танҳо барои 20 рӯз содир шуда буд ва пас аз поёни ин муддат, ба тамдиди иҷозатномаи фаъолияти ин сирк мувофиқат нашудааст.

Сайти "Тобнок" хабар додааст, ки фаъолияти ин сирк дар муддати 20 рӯз, мухолифати бархе аз дӯстдорони муҳити зистро ба дунбол доштааст. Афшин Карамӣ, муовини идораи кулли ҳифозат ва мудирияти шикори Созмони муҳити зисти Эрон, эълон карда буд, ки давоми панҷ соли оянда фаъолияти тамоми сиркҳо дар кишвар мутаваққиф хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG