Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастаи чаҳоруми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Русия


Иттиҳоди Аврупо бастаи чаҳоруми таҳримҳои зидди Русияро дар пайванд ба амалкардҳои он дар Украина рӯзи 8-уми сентябр ба тасвиб мерасонад. Ин таҳримҳо рӯзи 5-уми сентябр дар ҳошияи нишасти сарони НАТО дар Уэлси Бритониё қабул шуда, дар ҳоли иҷрои оташбас дар шарқи Украина ва ақибншинии нерӯҳои Русия лағв хоҳанд гашт. Вазорати умури хориҷии Русия таҳримҳои навро танқид кард. Дар посух ба таҳримҳои қаблӣ Русия воридоти ғизоро аз кишварҳои ғарбӣ манъ карда буд. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди эълони оташбас даргириҳо дар Марупол ва Донетск идома доранд. Дар панҷ моҳи нооромиҳо дар шарқи Украинаи наздик ба 2600 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG