Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози пахтачинии маҷбурӣ дар Ӯзбакистон


Донишҷӯёни донишкадаҳои тиббӣ забонхат имзо кардаанд, ки бо хоҳиши худ дар маъракаи ҷамъоварии пахта ширкат меварзанд, то ба шукуфоии ватани хеш ёрӣ расонанд. Дар ин санад ҳамчунин гуфта шудааст, ки агар муаллифи имзо аз ширкат дар маърака саркашӣ кард, маъмурияти донишкада метавонадӯ ӯро аз таҳсил барканор намояд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомоти Ӯзбакистон мардуми одӣ, аз ҷумла кӯдаконро ба ҷамъоварии пахта маҷбур менамоянд. Дар соли 2012 зиёда аз 100 ширкати бузурги тавлиди либос ба иллати истифодаи нерӯи кӯдакон дар ҷамъоварияш аз харидани пахтаи Ӯзбакистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG