Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ зарба зад


Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико гуфт, нерӯҳои кишвараш ҳамлаҳои ҳавоӣ ба камингоҳҳои ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломӣ дар наздикии обанбори Ҳадиса дар Ироқро шурӯъ кардаанд. Аз моҳи июн инҷониб ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ саъй доранд, ки ин обанбори ҳаётиии Ироқро ишғол кунанд. Чак Ҳагел, рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи тундравони исломӣ бар тибқи дархости ҳукумати Ироқ сурат мегирад. Ӯ гуфт, обанбори Ҳадиса барои Ироқ фавқуллода муҳим аст:

“Агар ин обанбор ба дасти ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ афтад, ё вайрон шавад, оқибатҳои он бисёр бад хоҳад буд.”

Ба қавли ӯ, дар сурати ба дасти тундравон гузаштани обанбори Ҳадиса, манофеи Амрико дар Ироқ ҳам зери хатар мемонад. Обанбори Ҳадиса дар рӯдхонаи Фурот ва дар вилояти Анбор ҷойгир аст. Бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Ироқ низ дар ҳаминҷост ва аз обанбори мазкур киштзорҳои азиме дар минтақа обёрӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG