Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи як амрикоӣ дар Куриёи Шимолӣ оғоз мешавад


Куриёи Шимолӣ рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ки муҳокимаи Метю Миллер яке аз се шаҳрванди боздоштшудаи Амрикоро ҳафтаи оянда шурӯъ мекунад. Хабари мазкурро расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ нашр карда, вале нагуфтанд, ки Метю Миллер ба чӣ муттаҳам мешавад. Ҷавони 26-солаи амрикоиро моҳи апрел баъди он дастгир карданд, ки раводиди сафарашро ба Куриёи Шимолиро пора кард. Ду амрикоии дигар низ дар дохили Куриёи Шимолӣ дастгир шуданд. Ҷефрри Фоли яке аз онҳо моҳи май ва баъди он дастгир шуд, ки китоби Инҷилро дар дохили як тарабхонае дар шаҳри Чонгҷин гузошт. Кеннет Бей, як тарғибгари динии дигар аз Амрикоро моҳи декабри соли 2012 дар Куриёи Шимолӣ дастгир карданд ва сипас ба 15 соли зиндон маҳкум намуданд. Ба қавли мақомоти Пхенян у қасд доштааст, ҳукумати Куриёи Ҷанубиро сарнагун кунад.

XS
SM
MD
LG