Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико ба Гурҷистон меравад


Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико, ба Гурҷистон меравад ва қарор аст, бо раҳбарони вазорати дифои ин кишвар рӯзи 7-уми сентябр гуфтугу кунад. Чак Ҳагел баъди нишасти НАТО дар Уэлс озими Тифлис шуд, ки дар он нишаст, муноқиша дар Укрина ва мубориза алайҳи ҷангҷӯёни созмони Давлати Исломиро баррасӣ карданд. Ин созмон бахшҳои бузурги қаламрави Ироқу Сурияро тасарруф кардааст. Ираклий Аласания, вазири дифои Гурҷистон, рӯзи 5-уми сентябр дар ҳошияи нишасти НАТО гуфт, ки сафари Чак Ҳагел, нишонаи ҳимояти Амрико аз Гурҷистон аст. Бо вуҷуди мухолифати сахти Русия, Гурҷистон умедвор аст, ки ба узвияти НАТО бипайвандад.

XS
SM
MD
LG