Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсиро ба ҷинояти дигар муттаҳам карданд


Додситони кулли Миср Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршударо ба он муттаҳам кардааст, ки бо ифшои санадҳои махфӣ ва асрори давлатӣ ба Қатар, амнияти миллии Мисрро ба хатар андохт. Додситонӣ мегӯяд, Муҳаммад Мурсӣ дар аҳди як солаи раёсати ҷумҳуриаш ба хабарнигорони телевизиони Ал-Ҷазира, ки қароргоҳаш дар Қатар аст, дастрасӣ ба санадҳои махфии давлатиро иҷоза додааст. Муҳаммад Мурсиро, ки бори аввал аз роҳи демократӣ раиси ҷумҳури Миср интихоб шуд, артиши кишвар моҳи июли соли 2013 баъди тазоҳуроти азими зиддиҳукуматӣ аз мақомаш барканор кард. Мурсӣ айни замон дар зиндон аст ва ба ҷиноятҳои дигаре муттаҳам мешавад, ки барои онҳо метавонанд, ӯро ба қатл маҳкум кунанд.

XS
SM
MD
LG